Андешаҳои ғаразонаи мухолифин
Интихоботи имсолаи Парлумони кишвар, ки санаи 1-уми марти соли 2020 шуда гузашт ба ҳамагон маълум гардид, ки он дар рўҳияи баланди сиёсӣ ва шаффофтарин дар мамлакат маҳсуб ёфтааст. Номзадҳои арзанда аз зинаи поёнӣ то ба зинаи болоӣ тариқи интихоботи шаффоф интихоб шудаанд.
Вале дар сомонаҳои иҷтимоӣ андешаҳои ғаразона ва норозиёнаи боз ҳам ҳамон ба ном мухолифине, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҳамчун гурезагони сиёсӣ паноҳ ҷустаанду боз интихоботи нави кишварро муҳокима менамоянд. Шоҳиди мусоҳибаи Радиои Озодӣ ба сарвари Ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом гаштем.
Роҳбари ҳизби ғайриқонунии экстремистии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ба саволҳои мухбири Радиои Озодӣ посухҳои бемантиқона додааст. Кабирӣ чунин мешуморад, ки баъди интихобот Тоҷикистон ба самти диктаторӣ ва яккаҳизбиву якканафарӣ рафтааст.
Бояд қайд намуд, ки мухолифини дар хориҷа қарордошта, ки аъзои ҳизби террористиву экстремистӣ мебошад интихоботи баргузоргардидаи шаффофу демократиро мавриди баҳсу муҳокима қарор додааст.
Инчунин ки ба онҳо ҳуқуқ додааст, ки нисбати ин маъракаи сиёсие, ки одона дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон шуда гузашт суханронӣ намоянд. Роҳбари Паймони миллӣ худ дар кишварҳои Аврупо қарор дошта шаффоф ё ношаффофии интихоботи палатаи поёнии кишварро чӣ гуна худсарона беасос чунин баҳогузорӣ намудааст.
Воридшавии намояндагони Ҳизби сотсиал-демократро бо хашму ғазаб нодида мегирад. Дар рафти мусоҳиба сухан перомуни аз номи Ҳизби наҳзати ислом бардоштани калимаи ислом мебошад. Роҳбари Паймони миллӣ ин масъаларо шарҳи аниқ надодааст ва онро ба бачаҳои зиндониашон бор кардааст.
Бояд гуфт, ки ин ҷо гап дар бораи дигар чиз аст. Мусаллам аст, ки ин ҳизб дар замони баъди истиқлолият пешвои нооромиҳо ва даргириҳову ва оқибати асосиаш оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Барои чи калимаи исломро аз номи ҳизбе, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ қатъиян манъ карда шуда буд муридонаш бардоштанӣ нестанд.
Агар калимаи исломро аз номи ҳизби ғайриқонуние, ки дар хориҷа барои ба ном паногоҳҷўёни сиёсӣ буда, хизмат намуда истодааст аз байн меравад. Инчунин онҳо дигар калимаи исломро ниқоби доимии худ карда фаъолияташонро давом дода наметавонанд.
То он даме, ки калимаи ислом дар номи ҳизби ғайриқонунии онҳо вуҷуд дорад гумроҳшудагон ба хотири калимаи ислом аз думболи онҳо мераванд. Ин усули шомилкунии раҳгумзадагон ба ҳизбу ҳаракати террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом андешаҳо нисбати он ҳизби ғайриқонуние, ки ба андешаи мухолифин берун аз марзи Тоҷикистон гўё арзи ҳастӣ дошта бошад чӣ барнома дорад ва чӣ гуна барои мардум манфиат дошта метавонад.
Ба андешаи банда он танҳо барои гурезагони сиёсӣ ва хоҷагони хориҷиашон хизмати хирсона дораду халос. Ҳизби асил он ҳизбе мебошад, ки дар тули зиёда аз чорякасраи фаъолияти худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон софдилона хизмат намуда истодааст, ки ин Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ