Аз натиҷаи интихобот наҳзат дар фиғон
Санаи 1-уми марти соли равон дар Тоҷикистон интихоботи Парлумонӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Тибқи ахбори расмӣ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот дар Тоҷикистон ба таври шаффоф сурат гирифта, дар он намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии амалкунанда ва шаҳрвандони мамлкат новобаста аз мансубияти ҳизбии худ озодона ширкат варзиданд.
Хушбахтона дар интихоботи кунунӣ намояндагони ТЭТ ҲНИ иштирок накарданд. Зеро тибқи қонун ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти ифротӣ эълон гардида, фаъолияти он расман боздоштааст.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, дар радиои Озодӣ баромад намуда, иброз доштааст, ки интихобот дар Тоҷикистон ба таври шаффоф нагузашт. Ҳамчунин дар баромади хеш чанд мисолҳои беасосе овардааст, ки гӯё онҳо дар воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 рухдода дар Тоҷикистон ягон гуноҳ надошта бошанд.
Аммо ҳаминро бояд таъкид сохт, ки давлату миллат ҳама чизро мебинад ва огоҳ аст, ки маҳз дар натиҷаи чунин иғвогарӣ ва фитнаангезии роҳбарони ин ҳизби хоин дар қаламраваи кишвари соҳибистиқлоламон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланги гирифта, мардуми тоҷикро ба нокомиҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт. Ҳамчунин роҳбари ифротиёни наҳзатӣ таъкид месозад, ки агар онҳо дар интихобот иштирок медоштанд, ба мардуми тоҷик озодӣ медодаанд.
Шукри худованд, ки мардуми тоҷик дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат санаи 1-уми март ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овози худро доданд.
Қурбонов Ҳ. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ