Интихобот дар Тоҷикистон демократӣ гузашт!

Ба маълумоти Кабирӣ расонида мешавад, халқи (шаҳрвандони ) Тоҷикистон дигар ба бозиҳои пасипардагии ў ва ҳаммаслаконаш, ки аз ниқоби дини мубини Ислом истифода мекарданд аз кайҳо буд, ки бовар надоранд.

Изҳороти Кабирӣ, ки “Ба назари ман ин интихобот поёни гуногунандешӣ аст”. Як дом ё худ беаҳамият ҳисобидани интихоботи навбатӣ  буд ва бо ин роҳ Кабирӣ мехост, ки шаҳрвандон дар интихобот иштирок накунанду, нуфузу мартабаи Тоҷикистон ва мақомоти он дар арсаи ҷаҳонӣ  коста гардад. Вале иштироки васеъи шаҳрвандон дар интихоботи навбатии вакилони халқ бори дигар тасдиқ намуд, ки халқи Тоҷикистон ба таблиғи ҳадафҳои нопоку ғаразноки бадхоҳони миллат, аз ҷумла  Кабирӣ мубтало нагардида, ҳокимияти амалкунандаи давлатиро дастгирӣ мекунанд ва барои пешравии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Интихоботи доиршуда дар сатҳи баланди сиёсиву ҳуқуқи доир гардид ва онро натанҳо мутахассисони ватанӣ балки мушоҳидони байналмиллалӣ баҳои баланд доданд аз ҷумла  Аъзои  Комиссияи марказии интихоботии  Россия (КМИ) Александр Кинев  аз гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии СҲШ  дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон  хусусиятҳои хоси ҷараёни интихоботро дар ҷумҳурӣ зикр намуда, ба имконияти табодули таҷриба бо ҳамкасбони тоҷик ишора намуд, хабар медиҳад ТАСС.

«Ҷиҳати хоси фарқкунандаи (интихоботи гузашта), ба назари ман, фазои ором ва  хайрхоҳонаи  он буд»,- гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ рӯзи душанбе. Ба қавли  мавсуф,  дар ҳар як участкаи интихоботӣ  тамоми равиши интихобот бо  тамоми ҷузъиёташ намоён буд, ки «ин имконият дод дар бораи интихобот хулосаҳои дуруст пайдо шаванд». Номбурда зикр кард, ки ҳар интихобкунанда ба қитъаи овоздиҳӣ бо даъватнома ҳозир шуд, яъне пеш аз интихобот мардумро хона ба хона огоҳ сохта буданд. Ба гуфти ӯ, аз чунин таҷриба дар Россия низ метавон кор бурд.

Кинев ҳамчунин ба фаъолияти касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки   маҳз  онҳо бехатарии интихоботро таъмин сохтанд, ишора кард. «Ягон ҳодисаи ногувор ё ҳолати ғайриоддӣ рух надодааст»,- таъкид намуд ӯ.

1-уми  март дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба палатаи поёнии Парлумон доир гардид. Дар интихобот  7  ҳизби сиёсӣ ширкат варзиданд. Мувофиқи натиҷаҳои интихобот 63 вакил интихоб мегарданд, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатӣ, 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  интихоб карда мешаванд.

Раванди интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафт намояндаи  Дафтари институтҳои демократӣ  ва ҳуқуқи башари САҲА  ва 15 намояндаи СҲШ назорат карданд. Инчунин дар  кори назорат  ҳайати ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  Сергей Лебедев роҳбарӣ мекард, ширкат варзид.

Тавре  Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода санаи 2 марти соли 2020 дар брифинг бо иштироки намояндагони аҳзоб, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон менамояд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд.

  1. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ;
  2. Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ;
  3. Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ;
  4. Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 % 1 мандати вакилӣ;
  5. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Бояд қайд кард, ки Паймони Миллии Тоҷикистон изҳорот карда буд,  ки мардум ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд ва дар натиҷаи ҷамъбасти интихобот маълум гашт, ки аз чунин ҳимоят Ҳизби сотсиал-демократ зарар дид, на фоида.

Латипов С.У.ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like