Изҳороти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ нисбати баромади беасоси Кабирӣ
Дар мусоҳибаи худ роҳбари ТЭТ ҲНИ (ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида) М. Кабирӣ ба рузноманигори радиои Озодӣ хабар додааст, ки гуё интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат гирифта, он «поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ мебошад».
Бояд ишора кард, ки мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои баргузории маъракаи интихоботи дар саросари Тоҷикистон корҳои омодагӣ дида шуда, дар ҳама ҳавзаҳо ҳайати босалоҳияти комиссияҳои корӣ фаъолияти худро бемамоният ва дахолати беруна пеш бурдааст.
Ҳамаи ин ба фикри мо, нишонаи он аст, ки якум, интихобот дар чаҳорҷўбаи қонунҳои амалкунанда суръат гирифта истодааст, дуюм дар он тамоми ҳизбҳои ба қайди давлатӣ гирифташуда ба таври васеъ иштирок карда метавонанд.
Суханҳои М.Кабирӣ худ беасос ва ғайри қонунӣ буда, худ як мақсадро пайбарӣ менамояд: дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном кардани ватани азизи мо мебошад.
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар интихоботи гузашта бо як руҳияи баланд иштирок намудем, ба М.Кабирӣ ва ҳамфикрони вай гуфтанием, ки кори сиёҳи бадномкунии давлатро ба хотима расонанд, зеро ин кор танҳо ба харобӣ ва вайрон корӣ мебиёраду халос.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ