Заминаи устувор барои ҳамдигарфаҳмӣ  ва бисёрҳизбӣ

Сарвари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар посухи худ ба радиои Озодӣ изҳор кардааст, ки интихоботе, ки 1-марти соли 2020 дар ҷумҳурӣ баргузор гардид поёни ҳамдигарфаҳмӣ ва гузариш ба самти яккаҳизбӣ мебошад. Бо чунин ақидаи Кабирӣ ҳеҷ гоҳ розӣ шудан мумкин нест ва он хусусияти ғаразнок дорад. Тавре маълум аст, дар интихоботи баргузоргардида ҳафт ҳизби сиёсӣ иштирок намуда номзадҳои худро пешниҳод карданд, ки он ҷавобгӯи принсипҳои демократия мебошад. Натиҷаи интихобот нишон дод, ки номзадҳои аксарияти ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва якмандатӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб гардиданд.

Пас чӣ тавр М.Кабирӣ онро нодида гирифта гузариш ба яккаҳизбӣ намудааст?

Бо чунин посух М.Кабирӣ кӯшиш намудааст, ки шунавандагонро барои хулосаи нодуруст баровардан мусоидат намояд. Бинобар ин хулосаи гузариш ба яккаҳизбӣ хатогии сиёсии М.Кабириро нишон медиҳад. Аз дигар тараф ин ақидаи ӯ маънои паст задан ва эътироф накардани фаъолияти ҳизбҳои дигари сиёсиро дорад.

Аз андешаи М.Кабирӣ чунин хулоса бармеояд, ки танҳо иштироку фаъолияти ҳизби наҳзат маънои ҳамдигарфаҳмӣ ва бисёрҳизбиро дораду халос. Бо чунин андеша ҳеҷ гоҳ розӣ шудан мумкин нест. Зеро тавре маълум аст, моҳи сентябри соли 2015 ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кӯшиш ба амал баровардани табадуллоти давлатӣ дар Тоҷикистон намуд, ки дар натиҷа ин амал шикаст хӯрд ва фаъолияти ҳизби ифротӣ манъ карда шуд ва он ташкилоти террористӣ – экстремистӣ  эълон карда шуд.

Ҳизби наҳзат бо роҳбарии М.Кабирӣ принсипи ҳамдигарфаҳмиро поймол намуда кӯшиши бо роҳи ҷанг ба даст даровардани ҳокимиятро кард ва то ҳол дорад. Агар онҳо ба мақсад мерасиданд,  пас дар мамлакат диктатура ва яккаҳокимиятӣ ҲНИ барқарор мегардид. Бинобар  ин андешаю посухҳои М.Кабирӣ характери фиребдиҳӣ ва иғвогариро дорад. Тавре маълум аст, дар интихоботи баргузоргардида дар Тоҷикистон намояндагони созмони ИДМ, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд ва дар нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки интихобот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва бисёрҳизбӣ баргузор гардид. Паймони миллӣ, ТТЭ ҲНИ дар интихоботҳо, ки дигар ҳеҷ гоҳ иштирок карда наметавонанд.

Бо андешаю посухҳои ғаразнок худро дар назди сарпарастонаш ва ҳаммаслакону ҷонибдораш сафед намуда барои дар ҷомеа пайдо гардидани андешаҳои носолиму иғвогарона кӯшиш менамоянд. Чунин мақсаду андешаҳо ба мақсад нахоҳад расид. зеро имрӯз дар Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор буда барои пешрафти иқтисодию – сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ заминаи устувор гузошта истодааст.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like