Натиҷаи интихобот ба даҳони Кабирӣ мушти обдоре зад!

Дар сомонаи расмии Радиои “Озодӣ” мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ қабл аз интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалли халқ нашр шудааст, ки дар он ин манфури наҳзатӣ бештар ба масъалаи интихобот таваҷҷуҳ намуда, ҳамон ҷо ҳам сиёҳдилӣ ва рафтори шайтонии худро истифода кардааст. Кабирии палид аз хориҷ истода бар маъракае, ки соҳҳо инҷониб давлату миллат корҳои ташклиро ба роҳ монданд, ҳамчун фолбин пешгӯӣ кардааст. Ин амал аз муносибати байни Шайх Темур ва Кабирӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин касифи наҳзатӣ дар ҷое дурӯғгӯияҳояшро ҷоиз гуфтааст ва ҳола ҳам макру ҳиллаяшро мегӯяд, ки ин талаботи сиёсат аст. Авбош ва бесаводи наҳзатӣ, Кабирии чапаргӯш асло намедонад, ки умуман сиёсат ба дурӯғ ниёз надорад ва дурӯғ душмани демкоратия аст. Вале Кабирии манфур дидаву дониста чунин маккориӣ ва айёрӣ кардааст:

“Агар ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои динӣ ҳамчун як ташкилоти динӣ ҳаракат кунад, он гоҳ ин ҳарфҳои шумо дуруст аст. Аммо ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Албатта, ман намедонам, ҳоло ин сӯҳбате, ки ҳоло шумо кардед, дар куҷо гуфтаам, ман ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори дурӯғ, фиреб ва назарфиребиву риё дар сиёсат нестам. Аммо худи сиёсат тақозо мекунад, ки инсон, сиёсатмадор, ё ҳизб гоҳо ба хотири манофеи сиёсиаш, гоҳо ба хотири муруннат (нармишпазирӣ) ва ё флексибилитӣ нишон додан, аз баъзе, на ин ки аз арзишҳо, аз баъзе мавқеъҳои худ гузашт кунад, ё ақибнишинӣ кунад, ё онро тағйир бидиҳад. Ман фикр мекунам, ки ин гузашт кардан ва муруннат нишон додан аз худ, ҳеҷ гоҳ ба маънои риё, ба маънои ҳилла, ё макри шаръӣ нест.

Ҳоло дигар маълум мешавад, ки ТЭТ ҲНИ дигар як сиёсатбоз нест ва дигар ҳизби парлумон ҳам нест ва як авбош ва маккору шайтон аст, ки чеҳраи аслии террористонаи худро зери ҳамин шағолсифатиҳояш пинҳон медорад ва аз ҳамин дарича ба ҷаҳон менигарад.

Ҷойи дигаре ба саволи ширкат накардани ТТЭ ҲНИ дар интихобот аз рашку ҳасад ва бесаводияш чунин изҳори назар кардааст, гӯё “назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ”.

Аммо ин палид ва авбошу касиф намедонад, ки интихобот ин худаш аллакай раванди демократӣ аст ва ин худаш роҳи ҳамдигарфаҳмии мардум аст. Дар ҷомеаи демократӣ мардум тариқи интихоб ба ҳаёти сиёсӣ дахл мекунанд ва озодона мавқеи сиёсии худро тариқи раъйи озодӣ  худ муайян месозанд. Аммо Кабирии манфур ин масъаларо тобиши сиёсӣ додааст ва ҳамин ҷо ҳам хостааст, ки барои худ назди хоҷагонаш очко гирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад ва ҳамаи ин ҳизбҳо дар доираи Конститутсия дар интихобот ширкат варзиданд. Дар паалатаи касбии Парлумони мамлакат ин ин дафъа 6 ҳизби сиёсӣ соҳиби мандат ваё курсӣ шуданд. Ин ҳама аз ғалабаи деморкатияи тоҷик дарак медиҳад.

Мардуми тоҷик пурра тарафдори сиёсати кунунии давлатанд ва Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Сайидҷаъфар Усмонзода дар мулоқоти худ бо журналистон таъкид кард, ки мо натиҷаи интихоботро қабул дорем ва мардуми раъйи худро ба тарафдории номзаду ҳизбҳои арзанда доданд. Дигар ҷои баҳс нест, ки интихобот ғайридемократӣ гузфшт. Зеро роҳбарони ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва мушоҳидони байналмилалӣ ба интихоботи вакилони халқ баҳои баланд доданд. Зинда бод Тоҷикистон, бидуни наҳзату Кабирии хоин!

Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи технологияи иттилоотиву

коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like