Ҷинояткор бояд ҷазо гирад!

Тибқи расонаҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, ки як гуруҳи оппозитсияи тоҷик рӯзи 2 март дар назди Маркази истирдоди пулиси шаҳри Венаи Австрия нисбати қарори ихроҷи Ҳизбулло Шовализода аз Австрия эътироз карданд.

Тавре мақомоти Австрия баён намуд, баҳори соли 2019 Шовализода дархост кардааст, ки ба ў паноҳгоҳ дар Австрия роҳ диҳанд. Вале мақомоти Австрия дархостро рад карда қарор кардааст, ки ўро рўзи 4 марти соли равон бо парвози Вена-Истанбул ихроҷ кунад. Аксари онҳо худро тарафдорони аҳзобу гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24», ҲНИ ва Паймони миллӣ меноманд ва қисме – пайрави ҷараёни мазҳабии низ дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ҳастанд.

Дар ҳақиқат он шахсоне, ки ба кишвари худ хор заданду ба дигар давлатҳо лозим нестанд, чунки ҳама мефаҳманд, ки ба мардуми худ аз хор задан истиҳола накарда бошанд нисбати дигар миллат низ худдорӣ намекунанд. Дар мисол, Сурияро овардан мумкин аст.

Ҳамчун шаҳравандони Тоҷикистон мо қарори мақомоти Австрияро дастгирӣ мекунам ва он нафароне, ки дар ҳақиқат гунаҳкоранд бояд ба корҳои ношоистаашон ҷавоб диҳанд.

Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like