Имкониятҳои мусоид барои рушди ҷомеа

Эълон гардидани солҳи 2019-2020 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи олии таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва  Президенти мамлакат ба соҳаи сайёҳиву меҳмондорист.

Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бузург аст. То имрӯз Пешвои миллат аллакай Тоҷикистонро ҳамчун давлати сайёҳӣ ва ҳамчун кишвари амнтарин тавонистанд, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали таъсисёбӣ тамоми кӯшишҳоро барои рушди соҳа, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба кишвар равона сохтааст. Дар ин муддат хатсайрҳои муайяни сайёҳиро таҳия намуда, аз оғози сол аллакай зиёда аз 20 ширкати сайёҳиро ба қайд гирифтааст, ки дар умум 105 ширкат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳоло ин ширкатҳо тавониста истодаанд, ки захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намоянд. Дар ин давра  портали сайёҳӣ омода шудааст, ки имрӯз бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат таъкид гардид, ки барои устувор гардидани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, инкишофи намудҳои гуногуни соҳа, таъсиси инфрасохтори зарурӣ бояд стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 омода гардад.

Умуман, имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рӯ ба рушд буда, далели ин гуфтаҳо бунёд гардидани меҳмонхонаҳои гуногуни мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ, зиёд гардидани мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ ва рушду такмил ёфтани инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи мазкур мебошад. Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, дар ҳоли афзоиш буда, сол то сол теъдоди онҳо меафзояд.

Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд, ки ин худ бозгӯи рӯ ба рушд будани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар хоҳад буд. Ин ҳама шароиту имкониятҳо маҳз ба туфайли тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот дар мамлакат ба даст омадааст. Мо шаҳрвандон бояд ба қадри ин неъмати илоҳӣ расем.

Изҳороти Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like