Кишвари боамну босаодат

Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст. Дар ин раддабандӣ ҷои аввал ба Сингапур, ҷои дуюм ба Тоҷикистон ва ҷои сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи маҳали зисташон бовар доранд, хабар додаст .

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин, Олмон шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмуъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва 68 дарсад изҳор доштаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд.

Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтаст ва 6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.

Хушбахтона аҳли ҷомеаи тоҷику тоҷикистониён дар шароити хубу мусоид умр ба сар мебаранд. Давлату ҳукумат барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тамоми корҳои назаррасро амалӣ намуда, барои ҳар як шаҳрванд шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам меорад.

Изҳороти Абдуллоева А.Т. – сармуаллимаи

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like