Нақшаву нияти гурӯҳҳои бадхоҳ

Терроризм зуҳуротест, ки мустақим ё ғайримустақим ба ҳаёти ҳар як сокини ҷомеа таъсир мерасонад. Аксари таҳлилгарон  чунин мешуморанд, ки терроризм на кам аз 2 000 сол дар ҷаҳон арзи вуҷуд дошта, ба тарзҳои гуногун зоҳир мегардад. То асри 21 бо тамоми арзи вуҷудаш терроризм ба давлат ва ҷамъият таҳдиди зиёд надошт. Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон садҳо ташкилотҳои террористӣ арзи вуҷуд карда истодаанд, ки ба ҳар яки мо таъсири манфии худро расонида истодааст. Бисёре аз мо ҳуҷумҳои террористиеро дар ёд дорем, ки ҷаҳонро ба ларзиш овардааст. Аз ҷумла ҳамлаҳои ифротгароён ба ду биноҳои ба ҳам монанди шаҳри Ню-Йорк ба ҳисоб меравад.

Зинаи аввали ба террорист табдилёбӣ ин радикализм мебошад, ки аз бадбинӣ нисбати ягон рафтор ё чизи муайян оғоз меёбад. Дар ҳолате, ки онҳо гурӯҳи мегарданд ва ба муқобили шахси дигар амалиётҳои зидди рафтори ин шахсро оғоз менамоянд ин аллакай зинаи экстриемизм мебошад, ки дар ҳолати аз тарафи онҳо истифода гаштани воситаҳои хатарнок аллакай ба зинаи терроризм мегузарад, ки аз ин зина гардонидани шахс хело душвор мебошад. Аз ин рӯ, бояд дар ҳолати мушоҳида намудани чунин аломатҳо дар шахсиятҳое, ки аллакай ҳисси бадбинӣ нисбати ягон рафтор дар онҳо инъиком меёбад нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешид. Зеро, вақте ин то зинаи терроризм мерасад, онҳоро аз ин роҳ баргардонидан хеле мушкил мебошад.

Дар шароити феълии рушди ҷомеаи башарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ташкилотҳову ҳизбҳои гуногун таъсири худро кӯшиш карда истодаанд расонанд. Аз вазъияти ҳассос истифода бурда, баъзе гурӯҳҳои фитнаангезу дасисабоз бо шиорҳои баланди бунёди фарҳанги демократӣ сайъ карда истодаанд ба вазъи осоиштаву оромии Тоҷикистони азизамон таъсири хешро расонанд.

Тоҷикистониён аз натиҷаҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ сабақи хуб гирифтаанд ва намехоҳанд, ки ватани азизи худро дигарбора ба шӯълаи оташ кашида, сарсону саргандон дар ҷӯстуҷӯи макони тинҷ гарданд.

Ба мо зарур аст, ки имрӯзҳо ба қадри заҳмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расем, то ки маҳз бо саъю кӯшиши ин инсони бузург дар кишвари мо сулҳу субот таъмин аст.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда истодаанд. Ин иғвогарон бо ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо набояд гузорем, ки чунин иғвогарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд, ҷавононро роҳгум созанд.

Аз ин рӯ бояд доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ чораҳои мушаххас андешида, баҳри рушди ояндаи кишвар кӯшиш намоем!

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like