ТЭТ ҲНИ бародари “ДИИШ”
Солҳои охир ҳаракатҳои шадиди ҳизбҳои экстремистию террористӣ боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукумати мамлакатҳои демокративу дунявӣ, комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шуда истодааст.
Шиддатнок гаштани чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ба соҳаи иҷтимоии аҳолии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳо таъсири манфии худро мерасонад. Муаммоҳои хатарнок гардидани ҳаракати ҳизбҳои экстремистиву террористӣ боиси пайдоиши падидаҳои номатлуб гардида, хусусан сабаби вайрон шудани ғояҳои психологии ҷавонону наврасон шуда истодааст.
Бесабаб Президенти кишвар таъкид накардаанд, ки шиддат, хатар ва таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир мунтазам боло мераванд.
Воқеан, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд будани донишу малака метавон бар зидди чунин ҳаракатҳои даҳшатнок мубориза бурд. Зеро, сабаби ба вуҷуд омадани чунин амалҳои “ғайриинсонӣ” аз надоштани донишу малакаи кофӣ ва шомил гардидани ҷавонону шахсони бехирад ба ҳар гуна созмонҳои мазҳабӣ-сиёсӣ, террористӣ ва экстремистист, ки боиси нооромии оила, ҷамъият ва давлат мегардад.
Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ асос меёбад. Аз ин лиҳоз, ба тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш додаанд, ки бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи амният дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодааст ва ин самари сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумат ва фаъолияти босуботи кормандони амният аст. Мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин оромии том расанд, зеро ки дар ҷаҳони муосир дар якчанд давлатҳои Шарқи Наздик Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва хасороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дар пайи худ овардааст. Дастгирии сиёсати ҳукумати кишварамон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Обидова М.Р. – сармуаллими
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ