Изҳороти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ оиди муносибати дустонаи ташкилотҳои ифротӣ

Ташкили ҷанги таҳмилӣ дар даврони нахустқадами соҳибихтиёриву таҳкими пояҳои тозаистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатгари он аст, ки ТЭТ ҲНИ аз зумраи чунин гуруҳҳои экстремистӣ, террористӣ ҳануз дар солҳои 1991 дар кишвари азизи мо решаи худро паҳн карда буд.

Ба монанди он, ки ДИИШ ва “Ал Қоида” ба иғвоангезиву даҳшатафканӣ дар ин ё он гӯшаю канори олам машғул аст, ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ҳамин ҳадафро пиёда карда истодааст. Амалҳои шабеҳу разил ва нафратангези ин се муттаҳида  далолат ба он доранд, ки ҳар се дастпарвари як мактабанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ТЭТ ҲНИ меҳану фарзандони азизи ватанро ҳимоя намоем.

Ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти об, саъю кӯшишҳои доимӣ баҳри некӯаҳволии мардуми шарафманду рушду нумӯи ҳамаҷонибаи диёри азизамон, таъмини сулҳу субот дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид қадршиносӣ гаштаю дастгирӣ ёфта истодаанд.

Натиҷа он гардид, ки  16 ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлату ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуда, тамоми шакку шубҳаҳоро аз байн бурд.

Ба хотири тинҷию осудагии кишвар ва доим беғубору мусаффо будани осмони нилгуни ону хандаи доимии кӯдакон ба дасисаҳою суханҳои фиребои онҳо дода нашавему амалҳои онҳоро маҳкум намоем!

Аҳли устодони кафедраи назарияи

таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like