Хусусиятҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Қонуни асосии давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, бунёди марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷик мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда, шакл, моҳият, ҳадаф ва вазифаҳо муайян карда шудаанд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақвият бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир муқаррар намуд.
Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда. Аз Конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии кишварамон солҳои 1929, 1931. 1937 ва 1978 қабул шудаанд, тафовути куллӣ дорад.
Дар мақолаи мазкур даҳ хусусияти муҳимми Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон, ки фарқияти онро аз конститутсияҳои қаблӣ нишон медиҳанд, нуфузи онро дар арсаи байналхалқӣ таъмин менамоянд ва онҳо баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд зикр ёфтаанд.
Якум, ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ балки аз ҷониби худи халқ тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон гардидааст. 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқии баргузогардида Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Сабаби қабул гардидани он ба шароитҳои мушаххаси таърихӣ вобаста буд, яъне Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Бинобар ҳамин бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати Қонуни асосии давлат, балки ҳамчун санади таъсиснамоие, ки барпогардидани давлати навинро аз лиҳози ҳуқуқӣ эълон менамуд, қабул гардид.
Дуюм, бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, арзишҳои миллию фарҳангии тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни ҶТ Дар бораи забони давлатии ҶТ дар таҳрири нав қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро танзим менамояд. Рушди забони тоҷикӣ дар навбати худ баҳри такмили Конститутсия таъсири бевоситаи худро расонид. Лоиҳаи навбатии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки санаи 22 майи соли 2016 ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуд аз 40 банд иборат буд, ки 22 банди он ба инкишофи забони давлатӣ алоқаманд буданд.
Сеюм, бори аввал дар сатҳи Конститутсия меъёри муҳим – арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мустаҳкам гардид, ки ин меъёри умумиэътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Эъломия умумии ҳуқуқи башар мебошад. Дар ҳамин ҷо чизеро бояд қайд намуд, ки дар Конститутсия меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз дуюним ҳазор сол пеш дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ гардидаанд, аз қабили ҳуқуқ ба озодии виҷдон, дар ин замина тибқи моддаи 26 Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд.
Чоррум, дар Конститутсия давлати демокративу дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ ба монанди эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахс дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гунгунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демократӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд.
Панҷум, тибқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллӣ ва ҳам аҳамияти демократии давлату далатдориамон мусоидат намуд.
Таъсиси парламенти думаҷлиса Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт ва ҳамагон шоҳиди онем, ки раванди қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми олии кишвар бо маром амалӣ мегардад. Имрӯз дар зиёда аз чорсад қонуни ҷорӣ, 22 кодекс ва 17 қонуни конститутсионии ҷавобгу ба замони муосир қабул шудаанд, ки муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро танзим намуда, дар партави Конститутсия заминаи боэътимоди ҳуқуқии давлати миллии мо мебошанд.
Шашум, дигар падидаҳои нав, ки дар Конститутсия инъикоси худро пайдо намудаанд ин эътирофи гуногуншаклии моликият мебошад. Тибқи он давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия муқарар гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти озоди соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такия ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ имкон дод, ки иқтисодиёти кишвар ба маротиб афзуда, сатҳи некуаҳволии мардум бо тадриҷ боло гардад.
Ҳафтум, дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳарии Президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд ва интихоби ин шакли идоракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқи буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад. Назария ва амалияи илми муосири ҳуқуқи конститутсионӣ шаҳодати он аст, ки шакли идораи ҷумҳурии Президентӣ хоси сохтори давлати ягона буда, ба шарофати интихоби чунин шакли идоракунӣ давлат дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идеологӣ ба пешравиҳо ноил гардида, метавонад соҳибихтиёрии комили худро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳар давру замон муаррифӣ ва ҳимоя намояд. Конститутсия шакли идораи ҷумҳурии президентиро муқаррар намуда, бо ин роҳ имкон дод, ки низоми ягона ва сариштаёфтаи ҳокимияти иҷроия созмон дода шуда, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, ба инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мусоидат карда шавад.
Ҳаштум, дар сатҳи Конститутсия амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздори ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Нуҳум, Дар меъёрҳои Конститутсия арзишҳои ахлоқӣ, дастовардҳои, ки қодиранд ҳамчун усул ва ё қоидаи мушаххаси рафтор барои мардум хизмат намоянд, васеъ истифода мешаванд. Мисол, дар қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории «… фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар…» муқарар шудааст. Ин арзиш ва қоида дар конститутсияҳои давлатҳои Ғарбӣ нест, ин меросият аз фарҳанги волои мардуми тоҷик аст. Ё дар заминаи Конститутсия қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки доираи анъана ва маросимҳоро ба танзим даровард, беҳтарин шаҳодати оқилонаи низоми ҳуқуқии муосири Тоҷикистон мебошад. Тавассути ҳамин Қонун давлати мо ба таъмир ва табобати урфу одат ва анъанаю маросимҳои миллӣ даст зада, барои мардуми тоҷик хизмати бузургеро анҷом дод, ки ба он албатта, таърих ва аҳли хирад баҳо хоҳанд дод.
Даҳум, бори аввал дар Конститутсия падидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мустаҳкам гардид. Дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон, беҳтарин арзише, ки аз хоҳишу иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд, ба ҳисоб меравад. Ин шахсияти барҷастаи таърихии миллат, ки дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда,дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Ин падидаҳои дар Конститутсия эътирофшуда аз як тараф робитаи наздики давлатро бо ҷомеа таъмин намуда, аз тарафи дигар кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомотҳои давлатӣ талаб менамоянд ва барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам меоранд.

Латипов Суннатулло Убайдуллоевич
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

You might also like