Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ДДҲБСТ

Санаи 12 феврали соли 2020 дар асоси созишномаи имзошуда байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ДДҲБСТ барои пайдо намудани робита байни кафедраҳо устоди Донишкадаи молиявии Тошканд Ортиқов Нематилла ташриф овард. Меҳмонро муовини ректор оиб ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович пазируфт.

Сипас, устоди Донишкадаи молиявии Тошканд Ортиқов Н. бо мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент Тӯхтаев Тӯҳтабой Муқимович, д.и.и., профессор Исмоилова Малохат Махмудовна, эдвайзери факултет Каримова Муаззама, донишҷӯёни факултети молия мулоқот намуда, бо донишҷӯён мастер-класс гузаронид, ки ин яке аз қадамҳои наҳустин дар самти пурзӯр намудани робитаҳои байналмилалӣ байни кафедраҳои донишгоҳҳои мазкур мебошад.

Бояд қайд намуд, ки пайдо намудани робита байни кафедраҳои ДДҲБСТ бо кафедраҳои мактабҳои олии хориҷи кишвар яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, илм ва васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ мусоидат менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like