Мулоқоти судманд дар арафаи интихобот

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри  Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода мулоқоти мазкурро баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи дарпешистода мусбӣ арзёбӣ кард.

Сипас, Асрор Латифзода иброз намуд, ки тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихобтии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани интихоботи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ  ҳаматарафа омодагиҳо ба роҳ монда шуда, фаъолияти онҳо таҳти назорат қарор дода шавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like