Изҳороти кафедраи забони тоҷики нисбати мақолаи иғвоангези Кӯри Юнус
Моён, аъзоёни кафедраи забони тоҷикӣ сатрҳои мақолагунаи Кӯри Юнусро “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтод, натиҷа медиҳад?”-ро аз сомонаҳо қироат намуда, ба ҳайрат афтодем, ки чунин фикру мулоҳизаҳои беасос ба сари ин муаллиф аз куҷо пайдо шуда бошад?
Ин гуна бӯҳтону тӯҳматҳои бебунёдро чӣ гуна дар хусуси Ватан – модару бошандагони он бериё иброз намуда тавонистааст. Худ Сайидюнуси Истаравшанӣ гар як бор қазоват мекард, бо чашмони хирад медид, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар масҷидҳо дар замони истиқлолияти давлатӣ сохта шудаву ва чӣ қадар фарди мусалмон барои адо кардани вазоифи мусалмонӣ он ҷо даромада мебарояд. Намоёнтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қомат афрохтааст ва моҳи март ба истифода дода мешавад. Наход ин ҳама дастовардҳо дар соҳаи дин набошад.
Китоби муқаддастарин Қуръони карим бо чанд намуди хат ва тафсир руйи чоп омад, ҳатто тарҷумаи он барои дастрас гардидан ба мусалмонони тоҷик анҷом дода шуд. Касе, ки дар Ватани мо беғаразона намоз мегузоранду бандаи комили мусулмон аст, ба ӯ ҳеҷ кас дахлу дахолат намекунад. Танҳо мутобиқи Конститутсияи кишвар, ки қонуни асосӣ аст, нишон дода шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҳамин нахустмодда раҳнамои ҳамагон аст, ки дар давлати дунявӣ дин аз давлат ҷудо аст ва ҳар фарди мусалмон рисолати мусулмониву рукнҳои динии хешро адо менамояд, вале ба корҳои давлатӣ мудохила намекунад. Дар ҳамин радиф, хирадмандон ҳам иброз доштаанд, аз як қатраи нопок оби булӯрини дарё ифлос намегардад, бинобар аз як сатрҳои подарҳавои Сайидюнуси Истаравшанӣ маҷрои фаъолияти густурдаи мусалмонони Тоҷикистон тағйир намеёбад.
Аҳли кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ