Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдинамудаи МИҲД-ии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар истироҳатгоҳи Бонкии милии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон лагери маърифатӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» тайи 6 рӯз доир гардид. Дар қатори ҷавонони фаъолу пешсафи вилоят 1 нафар устоди донишгоҳ ва 4 нафар донишҷӯёни ДДҲБСТ ширкат варзиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки санаи 16-уми декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони вилоят вохӯрии судмандро доир намуда, оид ба бурду бохти соҳаи ҷавонони вилоят сухан кард. Ҳангоми суханронии худ Раиси вилоят ба масъулони соҳа супориш дода буд, ки баҳри тарбияи дурусти ҷавонон дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ва пешгирӣ аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳоро ҷоннок намуда, дар таътили зимистона барои ҷавонони ташаббускор лагерҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. Дар иртибот ба ин дастур беш аз 60 нафар ҷавонони фаъоли вилоят дар лагери маърифатӣ-омӯзишӣ на танҳо истироҳат, балки аз илму дониш низ бархурдор шуданд.
Баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва руҳи равонии иштирокчиёни лагер устодону коршиносони баландихтисосос: Шуҳрат Саидзода, Шавкат Шарипов, Иброҳим Ҷабборов, Ҳусейн Зайтметов, Киромиддин Мухторов, Ваҳҳоб Набиев, Хайёмиддин Исмоилов, Шодмон Нурматов ва Мирзосодиқ Сангинов бо мавзӯҳои мубрам, бахусус дар тарбияи насли созанда муҳим маърўзаҳо намуда, семинарҳои ҷолибро гузарониданд.
Зикр кардид, ки ба туфайли Истиқлолият, ваҳдат ва якпорчагии мамлакат барои мо ҷавонон чунин имкониятҳои хубе муҳайё гардидааст. Сиёсати давлатии ҷавонон, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами милат ба тарбияи насли худогоҳу хештаншинос ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд равона гардидааст, ки иштирокчиёни лагер аз ин таваҷҷўҳу пуштибонӣ хушҳоланд. Ин ҷавонон ба ивази чунин ғамхориҳо ҷиддан меҳнат намуда, дар гул-гулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштанро рисолати хеш меҳисобанд.
Аз ҷавонони фаъоли вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати сиёсати кунунии давлат бетарафӣ зоҳир накарда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, бар муқобили суханҳои беасосу пучи хоинони миллат, ки аз хориҷа истода ба давлати мо санги маломат мезананд, вокунишҳои саривақтӣ равона созанд. Дар интиҳо аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода М.М. ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳзод Раҳимзода ба иштирокчиёни лагери мазкур Гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




