Изҳорот
Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.
Терроризм решаи хеле чуқур дошта, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.
Мо тарафдори он нестем ва намехохем, ки чунин иттињодияњои маќсади ѓараздошта ва бо фармоиши хориҷиён ташвиќоти ҷанг ва харакатњои динию экстримистї ва террористї фаъолияташонро пеш барад. Зеро онњо ба ватани худ содиќ нестанд, ба наздикони худ содиќ нестанд. Онњо танњо ѓуломи иҷрокунандаи фармонњои шахсони бевиҷдон ва бе ватан, ки натиҷаи кори онњо сабаби ба ташвишоии ҷомеаи ҷањонї мебошад ва албатта нисбати онњо эътирозии ќатъии худро изњор мекунем то ки дар рўи замин ба чунин инсонњо набояд њаёт раво бошад.
Абдувоњидов М. Р. котиб коргузори кафедраи њуќуќи соњибкорї ва байналмилалии ДДҲБСТ