Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар «Ҳафтаи худидоракунӣ» таҷриба андӯхтанд

12 май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни барномаи «Ҳафтаи худидоракунӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва боистеъдоди кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, дар татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Қайд гардид, ки дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Имсол 6 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба «Ҳафтаи худидоракунӣ» ҷалб гардида, давоми як ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намуданд. Иштирок дар чунин ташаббус ба донишҷӯён имконият фароҳам овард, ки бо низоми идоракунии давлатӣ аз наздик шинос шуда, донишу малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва таҷрибаи амалии худро такмил диҳанд.

Дар идомаи чорабинӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назаррас гувоҳномаҳо супорида шуданд.
Раиси вилоят ҷавононро ба омӯзиши амиқи илмҳои замонавӣ, аз худ намудани технологияҳои муосир, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like