Туҳмати навбатии хоинони миллат

Ҳангоми мақолаи “Маҳдудиятсозиҳо ҷавононро ифротӣ мекунад” дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки барои чӣ муаллиф тамоми ҳолатҳоро аз нуқтаи назари худ, бо тафриқаю бадбинӣ, боз фақат бадиро пеши назар меорад.

Бояд донист, ки ифротӣ ва ифротгаро  шудани ҷавонон дар Тоҷикистон гуноҳи сардори давлат ва ё мақомот нест! Балки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи танҳо мақомоти қудратӣ набуда,  балки вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар ва берун аз Тоҷикистон мебошад. Албатта  имрӯз тундгароӣ, терроризм  мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва ин  зуҳурот, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва садди роҳи рушду тараққии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои дунё мебошад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як шахси бо нангу номус онро пешгирӣ намуда, дар куҷое набошад кишвари худро аз ин зуҳуроти номатлуб тоза намуда ҷомеро ба пеш бурда, хосатан ҷавононро эҳтиёт намуда барои гул – гул шукуфонии кишвар саҳмгузор тарбия намуда, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хизмат ба Ватан-Модарро талқин намояд.

Дар мақола қайд шудааст, ки  тақрибан дар ҳама вохӯриҳои президент  аз хатари пайвастани ҷавонон  ба терроризм ва гурӯҳҳои радикалӣ сухан мекунанд.

Дар ҳақиқат  соли 2017 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар «Соли ҷавонон» эълон гардид. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд”, Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Барои чӣ дар мақола баъзе ишораҳо ба фаълияти роҳбар шудааст, муаллиф агар ақл ё тафаккури солим медошт ин нуктаҳоро аз номи дигарон намегуфт, чунки чавонон чунин ақидаҳо доранд ба мисоли духтараке навиштааст, ки ман ҳамчун як ҷавондухтари точик Пешвои муаазами миллатро дар зиндагӣ Идеали худ медонам. Зеро он амалҳо ва корҳоеро, ки Пешвоямон анҷом медиҳанд бисёр ҳам дар ҳаёти мо нақши муҳим доранд. Бо ёрии Президенти азизамон дар ҷаҳон номи Тоҷикистонро имрӯз мешиносанд. Ба гуфтаҳои беақлона бовар  намекунам. Дар таърихи ҷаҳон  умуман ягон Президенти дунё, ба мардуми худ, чунин ғамхор нест. Вакте, ки Эмомали Рахмон якумин бор ба хонаи Худованди мехрубонамон медарояд, ӯ пул не, ӯ модар не, ӯ фарзанд не, ӯ зан не, ӯ “халқамро Худованд нигоҳ дор” гуфта баромад. Ин аст сарвар!   Вале муаллифи ин мақола,  ашхосони ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳамчун кўчманчӣ ба ҳоҷагони хориҷа хизматгор шуда  гашта, зану фарзандони гирён, рўзгори вайрону нооромро гузошта,  аз дур истода ба ҷавонони  аз зисти  давлати худ хурсанд, қаноатманд гапҳои ношоиста гуфта, ба иғвогарӣ,  тафриқаандозӣ байни мардум овора мебошанд. Ин ҳама кору рафтори наҳзатиҳо дурўғгўён, тўҳматчиён сиёҳкорон.

Муаллиф овардааст, ки дар як кишвари бо ном “демократӣ -Тоҷикистон, дар тули 30 сол як нафар ва як хонадон ҳукумат мекунад. Акнун худ фикр намоед,  дар хонадони  худи онҳо,  магар ҳар сол сардори хонадон ё оила иваз шуда меистад.  Падари хонадон якто то ба охир.

Дар як банди мақола зикр шудааст,  ки дар шаҳри Ҳисор, ки дар он ҳазорҳо нафар намозҳои панҷгона ва ҷумъа мегузоштанд, сархати хабарҳо қарор гирифт, ҳукумат тасмим гирифтааст, то онро ба идораи ақди никоҳ табдил диҳад. Ана, худ акнун фикр намоед, магар ин кори хайр нест? Он ташаббус ва корҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст худ  ҷиҳатҳои диниву дуниявӣ мебошад.

Дигар, дар як банди мақола зикр шудааст, ки бо тӯҳмат зиндонӣ мешавад ва ё ба иллате ба қатл расонида мешавад. Оё худи муаллиф ва тарафдорони онҳо ягон маротиба қонуну санадҳои ҳуқуқиро варақ заданд, дар ягон ҷой ба қатл расонидани шахсе ё айбдоре зикар шудааст. Ин ҳам тӯҳмат ва иғвогарӣ. Ин ҳама душманони кишвари мо – аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом.  Барои чӣ хабарҳои дурўғ паҳн мекунед!  Оё Шумоён аз Худо, Куръон, охирати худ наметарсед?

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

 

You might also like