Ҷамъбасти мусобиқаи волейбол ва соҳиби ҷом шудани  ғолибон

Тайи ду рӯз дар толори барҳовои варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол доир гардид. Мусобиқаи мазкур имрӯз санаи 21-уми январ ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян ва қадршиносӣ шуданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа дасатаҳои ДДҲБСТ ва Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия бо ҳам рақобат намуданд. Бо шикаст додани ҳариф дастаи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия соҳиби  ҷои аввал ва ҷоми мусобиқа гардид. Дастаи мизбон тими ДДҲБСТ сазовори ҷойи дуюм, дастаи Ашт-2 ба гирифтани мақоми сеюм ва дастаи волейболбозони Истаравшан сазовори ҷойи чорум гардиданд. Ба дастаҳои ғолиб туҳфаву сипосмномаҳо ва маблағҳои пулӣ, ҳамчунин ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ дар ҳаҷми 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ  тақдим карда шуд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқа ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва рааиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Мусобек Мираватов иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи кушоди  ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол 18 даста: МДМВ №3-и ш.Хуҷанд, дастаи ноҳияи Ашт-2, тими ноҳияи Ҷ.Расулов, Ашт-3, Ашт-1, Донишгоҳи кӯҳӣ-металургии шаҳри Бӯстон, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русияи шаҳри Душанбе, дастаи ноҳияи Б.Ғафуров, ноҳияи Спитамен, шаҳри Истаравшан, ДИС ДДТТ, дастаи ДПДТТ, Факултети чоруми ВКД, ДДҲБСТ ва тими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд  иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади оммавигардонии соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ  ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ роҳандозӣ гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like