Даври аввали мусобиқаи волейбол ҷамъбаст гардид

Имрӯз, баъди нисфирӯзӣ даври якуми мусобиқаи варзишии кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбаст гардид. Тибқи қуррапартоӣ байни 18 дастаҳо дар даври аввал ҳар яки онҳо байни худ қувваозмоӣ намуда, аз байни онҳо 9 даста ба даври дуюм гузаштанд. Аз рӯи ҳисоби бозии даври аввал дастаҳои ДДҲБСТ, Ашт-1, Факултети 4-уми Академияи ВКД, Ашт-2, Ҷ.Расулов, Исфара, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе, н.Б.Ғафуров ва Истаравшан ба давраи дуюм роҳ ёфтанд.
Бозиҳои давраи аввал нишон дод, ки дастаҳо дар ҳолати омодабошии баланди варзишӣ қарор дошта, бо чусту чолокӣ ва касбияти худ аз як дигар фарқ мекарданд. Мухлисони ашаддӣ намуди волейбол дар рафти чорабинии варзишӣ дастаҳои худро мухлисӣ карда, ба раванди бозӣ таровати дигар бахшиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like