Мусобиқаи волейбол дар ДДҲБСТ варзишгаронро ба ҳам овард

Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ибтикороти Донишгоҳи далватии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  мусобиқаи варзишии кушоди  ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол дар донишгоҳ баргузор гардида,аз санаи 20 то  22-юми январ идома меёбад.

18 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳо, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ байни ҳам кувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқа тибқи қоидаи бозиҳои олимпӣ баргузор гардида, дар навбати аввал дастаи ДДҲБСТ бо дастаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии  №3-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи ноҳияи Ашт-2 байни ҳам рақобат намуданд. Аз байни онҳо дастаҳои ДДҲБСТ ва Ашт-2 ба даври дигар гузаштанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like