ОЯНДАИ ИҚЛИМ ДАР ДАСТИ МОСТ
25 феврали соли 2026 бо ташаббуси Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни донишҷӯён таҳти унвони «Ояндаи иқлим дар дасти мост» баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳамоҳангӣ бо Маркази фарҳангии «Alliance Française Khoudjand» дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, ба масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим ва рушди устувор бахшида шуд.
Ҳадафи асосии озмун ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тақвияти неруи зеҳнии ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Тӯра Ризозода оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста нақши ҷавононро дар рушди давлатдорӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа масъулияти фардои кишварро бар дӯш доранд ва ташаббусҳои созандаи онҳо ҳамеша дастгирӣ меёбанд.
Сипас, директори Марказ, профессор Мунира Акмалова оид ба аҳаммияти ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ дар самти экология сухан гуфта, иброз дошт, ки рушди тафаккури илмӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ талаботи замон буда, омӯзгорон бояд донишҷӯёнро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори ҷомеа омода намоянд.
Дар озмун донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун иштирок намуда, лоиҳаҳои худро вобаста ба энергияи «сабз», технологияҳои каммасраф, роҳҳои амалии ҳалли мушкилоти экологӣ, коҳиши ифлосшавии муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешниҳод карданд.
Ғолибони озмун муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







