Оғози «Ҳафтаи дарҳои кушод» дар ДДҲБСТ

23 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳафтаи дарҳои кушод»  баргузор гардид.

Дар рӯзи нахуст хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба Донишгоҳ ташриф оварда, бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз, марказҳои омӯзишӣ, озмоишгоҳҳо ва фазои таълимии муассиса аз наздик шинос шуданд.

Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни мулоқот бо довталабон дар бораи имкониятҳои таҳсил, ихтисосҳои амалкунанда, равандҳои таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ӯ таъкид кард, ки Донишгоҳ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод, молия, менеҷмент, филологиву омӯзгорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар ихтисосҳои замонавӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.

Раёсати донишгоҳ ба таваҷҷуҳи хатмкунандагон мерасонад, ки «Ҳафтаи дарҳои кушод» аз 23 то 28 феврали соли ҷорӣ идома меёбад. Дар доираи ин чорабинӣ довталабон метавонанд бо фаъолияти факултетҳо, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, китобхона, марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва дигар зерсохторҳои таълимӣ аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон, барои хатмкунандагон «Интернет-олимпиада» баргузор мегардад. Иштирокчиён метавонанд дониши худро аз рӯи саволномаҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида, сатҳи омодагии худро барои имтиҳонҳои марказонидашуда муайян намоянд. Иштирокчиёне, ки соҳиби холҳои баландтарин мегарданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва арзишманди раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Мақсади асосии «Ҳафтаи дарҳои кушод» тақвияти робитаи муассиса бо ҷомеа, ҷалби довталабони лаёқатманд ва фароҳам овардани имкони шиносоии мустақим бо муҳити донишгоҳӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳ аз ҳамаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даъват ба амал меорад, ки аз ин имконияти мусоид истифода бурда, дар «Интернет-олимпиада» ва «Ҳафтаи дарҳои кушод» фаъолона иштирок намоянд.

«Ҳафтаи дарҳои кушод» то 28 феврали соли 2026 идома ёфта, дарҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ҳамаи довталабон боз мебошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like