Дин ва арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат -Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, худшиносӣ танҳо гирифтори дастовардҳои гузашта шудан ва аз мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгон ифтихори хушкухолӣ доштан нест, балки он пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳои таҳлилӣ ва бо дарки воқеиятизамони нав пайрезӣ кардани ҳадафҳои неки созанда барои даҳсолаҳои минбаъда ҳидоят месозад.

Ба шарофати  талошҳои фидокоронаи мутафаккири бузурги тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (р) ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд. Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам (р) ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуд.

Вақтҳои охир дар мамлакат гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқоди мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд. Ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ “Салафия”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “ДИИШ” мисол шуда метавонад.

Ҳақ бар ҷониби муаллифи мақолаи “Дин ва арзишҳои миллӣ” Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода аст, ки чунин мегуянд: “Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша  инсониятро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи  солим  даъват менамояд”.

Бинобар ин, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Изҳороти мудири кафедраи

 забони англисии ДДҲБСТ Мирзоҷонова М.

You might also like