Наъли қурбоқа
Як зарбулмасали ҳикматомўзе дорем. Аспро наъл мезаданд, қурбоқа ҳам пояшро бардошт. Имрўзҳо дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон бисёре худро рўзноманигору блоггер ё ба истилоҳи дигар худро блоггер муаррифӣ мекунад (дар назар дорам рўзноманигору блоггерони дуруғини намоишкорро). Ин тоифа мардум танҳо бо суханҳои пучу бемаънӣ ё ба намоишгузаштани наворҳои ҳузнангез ба ҷои он, ки дасти ёрӣ расонидан ва ё мушкилоти ҷомеро ҳал намудан: бо ин кори хеш мехоҳанд аз худ қайрамонӣ нишон диҳанд.
Бедалелӣ ва носанҷидан гумному бадноми ба ном «Журналист» – Халил чӣ буд? Ё миссияе, ки падараш ба ТЭТ ҲНИ иҷро карда натавонист, ба дўш гирифтанист?!
Мутаассифона ин «журналист» – и тўтӣ ба ҷои он, ки илм омўхту ватани худро обод кунад, баръакс таънакунӣ, айбҷўиро ба монанди аъзоёни ТЭТ ҲНИ давом дода истодааст.
Агар ў журналисти ғамхору насиҳатгў ё дўстдори миллату ватани хеш мебуд, чунин насиҳатҳояшро ба ТЭТ ҲНИ мегуфту онҳоро аз мардумфиребӣ ва вайронкорӣ насиҳат мекард. Ҳақ бар ҷониби Устод Рўдакӣ чунин гуфтаанд:
Ҳар кӣ наомўхт аз гузашти рўзгор.
Низ наомўзад зи ҳеҷ омўзгор!
Чунин ба назар мерасад, ки ин «журналист» – и фирорӣ аз гузашти рўзгор андеша намуда, хатогиҳое, ки падараш карда буд, ислоҳ намояд, баръакс пойбанди хурофот шудааст. Бо ин «насиҳат» – аш мехоҳад мардумро гумроҳ созад. Вале фаромўш кардааст, ки кўр асояшро як маротиба гум мекунад ва мардуми сарбаланди миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба чунин суханбофиҳо дигарбора бовар намекунанд.
Шокиров Ҷ.В. – н.и.ф., дотсент
кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ