Изҳороти кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт нисбати гуфтугӯи Кабирӣ ва блогери Амрикоӣ
Роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати онлайнии худ, аз будани хеш дарак дод. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ маълум буд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзои он ихтилофандозӣ байни ҷомеа буд. Бо ин роҳ ҳаммилатони моро бо кашмакашҳо ва майдонбозиҳо тела намуданд.
Кабирӣ баъди шикасти ҳизби худ ба таъсиси созмони ҷадиди мухолифин зери номи “Паймони миллӣ Тоҷикистон” даст зад. Лек на ҳама мухолифини дар хориҷ иқомат дошта ба ин Паймонаки дуруғини Кабирӣ ҳамроҳ гаштанд. Додоҷони Атовулло, аъзоёну роҳбарияти “Гуруҳи-24” ва дигарон ба Кабирӣ мухолиф буда, аз ӯ канора ҷустанд. Ҳатто мухолифин аз ваъдаҳои Кабирӣ безоранд, маҳз ҳамин нукта дар изҳороти “Гуруҳи-24” возеҳ баён гардид: “сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамчун далели қатъи ҳамкорӣ гардид”.
Пас баъди шикасти худ Кабирӣ мехоҳад аз кадом инқилоб ҳарф занад. Имрӯз ба ғайри се – чор аъзоёни худаш дигар нафарони мухолиф ба Кабириву ваъдаҳои дуруғинаш боварӣ надоранд. Пас моро зарур аст, ки наздикону пайвандон ва хоссатан насли наврас ва ҷавонро аз доми оташи наҳзат раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки ба гирдоби балои наҳзатиҳо гирифтор шуда, ояндаи босаодати хешро барбод диҳанд.
Аҳли устодони кафедраи технологияи
иттилоотӣ дар иқтисодиёт ДДҲБСТ