Аламзадагони наҳзатӣ
Сулҳу субот ва оромӣ яке аз неъматҳои бебаҳоест, ки ҳар миллатро ба дурахшонтарин қуллаҳо мерасонад. Рушду равнақи ҳар як миллату давлат аз сулҳу субот ва ваҳдат вобастааст. Аз ин лиҳоз қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди миллат ин таъмини оромию суботи кишвар мебошад. Бетарафии шаҳрвандон метавонад ба бадбахтиҳо оварда расонад. Аз бетарафии шаҳрвандон махсус гурӯҳҳои бадхилоф метавонанд истифода кунанд. Ин гурӯҳҳо ба ҳайати худ шахсони ба ном “аламзадаро” даъват намуда амалҳои зишти худро бар хилофи миллату давлати худ амалӣ менамоянд.
Яке аз сабабҳои асосии ҷалби бархе аз шаҳрвандон ба ингуна гурӯҳҳо ин бо маблағҳои аз берун воридгардида аст. Ба он маблағҳои сармоягузорони хориҷа шаҳрвандони дорои хиради пастро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуда, пас аз он хотираҳои онҳоро “тоза” карда ба онҳо ақидаҳои бадхилофонаи худро ҷой менамоянд.
Ҳамчунин яке аз методҳои дигари ҷалби баъзе афродон ба ингуна гурӯҳҳо ин истифода аз номи дин аст, зеро бар амалҳои зишти худ аз номи дин истифода намудан яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои мусалмонӣ гардидааст. Онҳо аз ниқоби дин истифода намуда ба амалҳои нопоки худ даст мезанад.
Аз ин лиҳоз ҷавонону наврасони кишвари мо бояд ба он найрангҳои гурӯҳҳои ифродагаро бовар накарда, шукрона аз ободиву осудагии кишвар намоянд.
Изҳороти Бобозода А.А. – ассистенти
кафедраи технологияҳои иттилоотию
коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ