Изҳороти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия нисбати фаъолияти ифротии наҳзат
Аз нигоҳи мо мавҷудияти ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ, ки мақсади ниҳоии он таъсиси давлати исломӣ аст, баҳампайвандии арзишҳои милливу диниро, ки бе онҳо таъсиси давлати миллӣ-дунявӣ аз имкон берун аст, фалаҷ гардонида, якпорчагии халқу миллатҳои сокини кишварро, ки асосан мусулмонанд, халалдор мегардонад. Зиёда аз ин, чун ин ҳизбу ҳаракатҳо зидди бедории сиёсӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баромада, барои таҳкими демократия, амнияти соҳибистиқлолии давлат монеаҳо эҷод мекунанд.
Имрӯз ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии Ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.
Мутассифона ҳизби мамнӯи наҳзат аз хориҷи мамлакат мехоҳад ҷавонону наврасонро гумроҳ намуда, ба сафи худ шомил созад. Онҳоро ба набардҳои дохилии давлатҳои Шарқи Наздик равона намуда, ба ном давлати исломиро пуштибонӣ кунанд. Лек ин ҳама нақшаву нияти нокоми наҳзату доишиён аст. Ҷавонони мо имрӯз бо ақлу идрок ва илму дониш баҳри решакан намудани гуруҳҳои ифротӣ камари ҳиммат бастаанд.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии
коррупсияи ДДҲБСТ