Ҷаласаи ҳисоботӣ «Доир ба фаъолияти ДДҲБСТ дар соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020»
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 натиҷагирӣ кард. Зикр гардид, ки соли сипаришуда бо дастоварду комёбиҳо барои ҷомеаи меҳнатии маъвои саодати манавиамон соли хотирмону фаромӯшношуданӣ аст.
Аз аккредитатсияи байналхалқӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидани ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои илмӣ аз ҷониби устодонамон, дар доираи густариши ҳамкориҳо ба имзо расидани созишномаҳо байни 8 муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва донишгоҳ, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани толори варзишӣ бо 400 ҷойи нишаст ва дорои толори хурди фитнес бо шароити машқу тармим, дар озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявию вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштани дастпарварони донишгоҳ ва дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷониби донишҷўёнамон муваффақияту комёбиҳои беназир, ки дар соли 2019 ба даст омаданд.
Муъмин Шарифзода дастоварди зикргардидаро натиҷаи заҳмати олимону устодон, бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба таълиму тадрис ҷалб гардидани донишҷўён, дар маҷмўъ дастоварди соҳаи илму маорифи кишвар ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли ҷорӣ ба Маҷлиси олӣ ироа гардид, кормандони соҳаи илму маорифи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд: – таъкид дошт, ректори донишгоҳ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрўз ҳар яки мо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби онҳо ба китобхониву забономўзӣ, омўзонидан ва такмили донишҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурўҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.
Сипас, ҷиҳати такмили фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ дар соли 2020 вазифаҳо муайян гардиданд. Сарвари донишгоҳ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки зери таассуроти илҳомбахш аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муваффақиятҳои соли 2019 содиқонаву софдилона меҳнат карда, бо иҷро намудани нақшаҳои дар пешистода, ба комёбиҳои рўзафзун ноил мегардем.
Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа


