Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба соли нави мелодӣ
Бахшида ба соли нави мелодӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо Соли нави мелодӣ табрик намуд.
Соли 2019 бо дастовардҳои назаррас дар ҳаёти мардуми сарбаланди тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоламон хотирмон буд, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ шунида шуд. Ҳидоятҳои созанда ва таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи илму маориф сарчашмаи муваффақиятҳои беназири донишгоҳ арзёбӣ намуд, ректори донишгоҳ.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандон, устодону донишҷӯён, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва донишгоҳӣ сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ рақсу сурудҳои ҷаззоби гурўҳҳои рақсиии “Хушхиром”, дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”-и назди донишгоҳ ва ҳазлу шӯхиҳои солинавии дастаҳои раёсат ва факултетҳои донишгоҳ, ки фаъолияти устодону донишҷӯёнро дар раванди таълиму тарбия фарогир буд, пешкаш шуда, хотири иштирокчиён болида гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани соли нави мелодӣ дар кишвари азизамон чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ташкилу баргузор мегардад. Дар назди арчаи солинавӣ донишҷӯёни ДДҲБСТ барномаи солинавиашонро, ки фарогири шеъру суруд, ҳазлу мутоиба ва бозиҳои шавқовари солинавӣ буд манзури тамошобинон карданд. Сокинону меҳмонони маркази вилоят аз барномаи фарҳангии солинавии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ғизои маънавӣ гирифта, то анҷоми барномаи фарҳангӣ тамошо карданд.
Бо пешниҳоди барномаи ҷозиби солинавӣ донишҷўёни донишгоҳ байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят сазовори ҷой аввал шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









