Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои зеҳни сунъӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

25 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба имзо расид.
Санади мазкур дар доираи маросими ифтитоҳи расмии майдони инноватсионии Area AI 1.0 ба имзо расида, қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум тавсеа ва амиқ гардонидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рушди иқтидори технологии кишвар мебошад. Дар доираи санад татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинсозӣ пешбинӣ шудааст.
Тарафҳо ҳамчунин ба рушди платформаҳои муштараки илмию техникӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои махсуси таълимӣ, ташкили таҷрибаомӯзиҳо ва барномаҳои мобилии академӣ, инчунин мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳо баргузории конференсияҳо, форумҳо ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ ба нақша гирифта шуда, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва технологӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Имзои Ёддошти тафоҳум дар рушду таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дарозмуддат байни ниҳоди дахлдор ва бахши технология ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас мегузорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like