ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеа”
27 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.
Дар конференсия меҳмонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барномаи мукаммали рушди давлат ва ҷомеа, инчунин роҳнамои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар муаррифӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо натиҷагирии марҳилаи муайяни рушди кишвар, балки нақшаи возеҳу воқеии ояндаи устувори давлатдорӣ мебошад.
Дар Паёми навбатӣ тамоми самтҳои калидии ҳаёти ҷомеа — аз иқтисоди миллӣ, саноатикунонӣ ва рушди соҳибкорӣ то маорифу илм, сиёсати иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, ҳуқуқу қонунмандӣ ва таҳкими амнияти миллӣ мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Пешвои миллат бо диди стратегии хос зарурати гузариш ба иқтисоди рақобатпазир, рушди технологияҳои муосир, рақамикунонии ҳама соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдориро таъкид намуданд.
Яке аз самтҳои асосии Паём таваҷҷуҳи махсус ба илм ва маориф мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки бе рушди илм, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, инчунин бе тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи замон, ноил шудан ба рушди устувор ғайриимкон аст. Ин нукта аҳамияти махсус дошта, барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, масъулияти ҷиддӣ ва таърихиро ба миён мегузорад, илова намуд ректори донишгоҳ.
Муминзода Ш.А. таъкид кард, ки Донишгоҳи мо ҳамчун маркази муҳими илмиву таҳқиқотӣ вазифадор аст, ки сиёсати илмии худро мутобиқ ба дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат пайваста такмил диҳад, таҳқиқоти илмиро дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод, сиёсати давлатӣ, идоракунии муосир ва бизнес ба роҳ монад ва натиҷаҳои онҳоро дар амалия татбиқ намояд.
Ҳамзамон, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтироми қонун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии мо боқӣ мемонад, илова намуд Ректори донишгоҳ.
Сипас, аз ҷониби Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Самизода, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат бо коррупсия Ботурхоҷа Қобилов ва мудири кафедраи менеҷмент Фурқатҷон Шамсиев оид ба паҳлӯҳои Паём маърузаҳои пурмуҳтаво ироа карда шуд.
Зимни маърузаҳои баромадкунандагон зикр шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.
Паёми Пешвои миллат қутбнамоест, ки ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро барои саҳмгузорӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад. Аз ин рӯ, мо бояд сарҷамъона фаъолият намуда, барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварем.
Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур музокироти судманд оид ба мавзуъ аз ҷониби иштирокдорон сурат гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












