Тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва дипломатии ДДҲБСТ бо Донишгоҳи федералии Қазон

23 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими шарикии стратегӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди дипломатияи илмӣ чорабинии маҷозии илмӣ-омӯзишӣ бо Донишгоҳи федералии Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид.
Чорабинӣ тибқи нақшаи фаъолияти Раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Маркази таҳлили таҳқиқоти сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳ бо ташаббуси доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, директори Марказ Мунира Акмалова роҳандозӣ гардид.
Дар вохӯрии маҷозӣ ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, инчунин намояндагони Институти байналмилалии ҷаҳонии Донишгоҳи федералии Қазон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Институти байналмилалии ҷаҳонии Донишгоҳи федералии Қазон профессор Болшаков А.Г. ва дотсент Храмова Е.В. дар мавзуи «Дипломатияи минтақавӣ ва ташаккули ҳамкории дипломатии Русия ва Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи омӯзишии омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ин чорабинӣ қадами муҳиме дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ ва густариши дипломатияи академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия арзёбӣ мегардад.

   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like