Рушди таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси Марказҳои рушди касбияти кафедраҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди таҳсилоти дуалӣ, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташаббуси муҳим амалӣ гардид. Дар доираи ин ташаббус Марказҳои рушди касбияти кафедраҳои молия ва қарз, иқтисодиёти корхонаҳо ва иқтисодиёти минтақа дар назди як қатор ниҳодҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд.
Аз ҷумла, Марказҳои рушди касбият дар назди Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат- бойя” роҳандозӣ гардида, барои густариши ҳамкориҳои амалӣ байни донишгоҳ ва соҳаҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буданд, амалӣ карда шуд. Дар ҳамин замина, 19 январи соли 2026 бо ташаббуси мудири кафедраи молия ва қарз, н. и. и., дотсент Каримова М.И. ва мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа, н. и., дотсент Қаюмов Ф. Ғ., инчунин бо иштироки мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Сатторова М.А. маросими ифтитоҳи Маркази рушди касбияти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ “Арча мебел” баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Искандарӣ таъкид намуд, ки Раёсат барои ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамеша омода буда, ҳамкориҳои дуҷониба бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон солҳои зиёд ба таври самаранок ба роҳ монда шудаанд. Ба андешаи ӯ, таъсиси намояндагии Маркази рушди касбияти кафедраи тахассусӣ қадами навбатӣ дар роҳи таҳким бахшидани ин ҳамкориҳо ва омода намудани мутахассисони муосир, соҳибтахассус ва рақобатпазир барои бозори меҳнат маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, директори ҶДММ “Арча мебел” Хуршед Ғафуров ва директори ҶДММ КМ ТТ “Силкоат- бойя” Алишер Ваҳобов зимни баромадҳои худ изҳор доштанд, ки ҷонибдори густариши робитаи илм бо истеҳсолот буда, дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ омодаанд ҷараёни таҳсилоти дуалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳамкориҳо имконият фароҳам меоранд, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро мустақиман дар муҳити воқеии истеҳсолӣ татбиқ намуда, малака ва таҷрибаи касбии худро такмил диҳанд.
Ҳадафи асосии таъсис ва ташкили чунин Марказҳои рушди касбият ҷалби донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба раванди истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи омодагии амалии онҳо, татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва инчунин густариши ҳамкориҳои донишгоҳ бо мақомот, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ ба ҳисоб меравад.
Ин иқдом қадами муҳим дар самти рушди таҳсилоти дуалӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ гардида, дар оянда барои густариши таҷрибаи ҳамкориҳои судманд заминаи устувор мегузорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











