Табрикоти солинавии ректор, профессор   Шарифзода Муъмин Машокир

Муҳтарам ҳамкорон, устодон ва донишҷўёни гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо  бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 сидқан табрику муборакбод менамоям.

Таҳти роҳнамоию  ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 бо дастовардҳои назаррас дар ҳаёти мардуми сарбаланди тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоламон хотирмон буд.  Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтани корҳои созандагӣ, дар остонаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», аз зумраи рӯйдодҳои фараҳбахш ва таърихии соли 2019 маҳсуб меёбанд.

Соле, ки ба ҳукми таърих меравад, барои ҷомеаи меьнатии маъвои саодати манавиамон соли хотирмону фаромӯшношуданц аст. Аз аккредитатсияи байналхалқӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидани ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, ҳимояи  бомуваффақияти  рисолаҳои илмӣ аз ҷониби 11 нафар устодонамон, дар доираи густариши ҳамкориҳо ба имзо расидани созишномаҳо байни 8 муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва донишгоҳ, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба  истифода додани толори варзишӣ  бо 400 ҷойи нишаст  ва дорои толори хурди фитнес бо шароити машқу тармим, дар озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, вилоятиву донишгоҳӣ  сазовори ҷойҳои намоён гаштани донишҷўёнамон, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ишѓоли ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷониби донишҷўёнамон муваффақияту комёбиҳои беназир, ки дар соли 2019 ба даст омаданд.  Дар маҷмўъ соле, ки сипарӣ гашт, бо воқеаҳои фараҳбахш барои аҳли донишгоҳ хотирмон буда, натиҷаи заҳмати пурмаъсули ҳайати устодону профессорон ва донишҷўён арзёбӣ мегардад.

Итминони комил дорам, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва таассуроти  илҳомбахши соли сипаригашта,  ба хотири таҳкими  пояҳои  Истиқлолияти давлатӣ  ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон  ба соли наве, ки истиыбол мегирем, қадамҳои устувор гузошта, бо меҳнати содиқонаву софдилона ба комёбиҳои рўзафзун ноил хоҳем гашт.

Бо изҳори орзуву ниятҳои нек дар Соли нави 2020 ба аҳли донишгоҳ  саломатии бардавому иқболи  нек, зиндагии пурнишот ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон  суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидона ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак!

You might also like