Мафҳум ва ҷанбаҳои таърихии терроризм
Ҳар як мафҳум таърихи пайдоиши худро дорад. Гарчанде амалҳои террористӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштаанд, аммо террор ба забони муосир дар давраи инқилобӣ Фаронса, бо кушиши жирондистҳо ва якобчиён дохил шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурўҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: «Бигзор террор масъалаи рўз бошад» Ҳукумати якобинчиён системаи террори давлатиро ба роҳ монда буд. Амалиёти террористӣ, махсусан дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI хеле афзоиш ёфтанд. Барои дуруст дарк намудани мафҳуми «терроризм» фаҳмиши амиқи он зарур аст. Дар айни ҳол аҳаммияти бештарро мафҳуми вожаи «терроризм» касб намудааст. Солҳои охир дар адабиёти ҳуқуқӣ, сиёсию илмӣ ва таълимӣ мафҳуми «терроризм» васеъ истифода мегардад. Он мавриди истифодаи одамони оддӣ ва сиёсатмадорони сатҳи гуногун қарор гирифтааст ва дар гуфтугўи мардум низ мақоми хешро пайдо намудааст. Ба таври васеъ истифода намудани мафҳуми «терроризм» корро осон ва сатҳи тафсири мазмуни онро кам намегардонад. Зарурати дарки амиқу илмии мафҳум пеш меояд.
Мафҳуми «терроризм» решаи лотинӣ дорад. Терроризм (аз забони лотинӣ (terror) ги рифта шуда, маънои тарсро дорад) – зўроварии системанокӣ дар сиёсат дар лаҳзаҳои бештар зиддиятнок ва муборизаи шадид истифода карда мешавад ва барои ин ё он таркибот ё ҳара кати сиёсӣ бисёр хатарнок аст. Терроризм омилҳо ва сабабҳои пайдоиш ва рушди махсусро соҳиб аст. Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар рафти муборизаи сиёсӣ, зўроварӣ нисбати шахсони гуногун ва махсусан ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо, талаби пул ва воситаҳои дигари моддию молиявӣ, озод намудани маҳбусони сиёсӣ, муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор, ангехтани амалҳои иртиҷоӣ аз ҷониби давлат, ки метавонад самараи дилхоҳ диҳад. Хеҷ набошад ба чунин анҷом терррористон умед мебанданд, нобуд сохтан ё зарар расонидан ба амвол ё обеъктҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; амалҳои барои ҷомеа хавфнок ва таҳдид ба амнияти ҷаъмиятӣ; тарсонидани одамон; амалҳое, ки бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ равона гардидаанд ва ғайраҳо. Унсури марказии террор амали террористӣ мебошад. Амали терористӣ асосан аз се қисм таркиб ёфтааст: − ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд; − фаъолияти зўроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; − худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом обеъкте равона гардидааст. Дар олами муосир терроризм дар навъҳо ва шаклҳои мухталиф воқеъ мегардад. Се навъи асосии терроризм вуҷуд дорад: а) терроризми иҷтимоӣ – инқилобӣ; б) терроризми этникӣ – милатгароӣ; в) терроризми динӣ. Терроризми иҷтимоӣ – инқилобӣ бештар дар шакли ҷанги партизанӣ ба амал меояд. Дар навбати худ ҷанги партизанӣ як навъ ҷанги шаҳравандист. Таҷрибаи мамлакатҳои мухталифи олам нишон медиҳанд, ки дар сароғози ҷангҳои партизанӣ, одатан амалҳои террористӣ қарор мегиранд. Дар шароити ҳозира шакли терроризми иҷтимоӣ – инқилобӣ то андозае маҳдуд гардидааст. Аммо терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ хеле авҷ гирифтаанд. Дар ҷаҳони муосир терроризме, ки дар заминаи муносибатҳои миллию этникӣ пайдо мешавад, беш аз беш аз худ дарак медиҳад. Асосан муқовимат байни нерўҳои сепаратисту миллатгароёни канора ва нерўҳои ҳокимияти мутамаркази давлатӣ гуногунии миллӣ сурат мегирад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурўҳҳои террористӣ нигаронида шудааст. Терроризми динӣ бештар хусусиятҳои маънавию эҳсосотиро соҳиб аст. Терроризми динӣ амалҳои террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳӣ адо кардани карзи бандагӣ дар назди худои муқтадир медонад.
Барои бархе аз давлатҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатӣ, вале барои дигарон терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва предмети манфиатҳои асосии онҳо ба ҳисоб меравад. Терроризм натиҷаю оқибати фаълияти муассисаю идораҳои расмии давлатҳои сатҳи гуногун мебошад. Дар заминаи чунин муносибат амалҳои зиддитерроризм имконпазир мегарданд. Вобаста ба ин, ҷаҳолати терроризм афзун гашта, ба низоми сиёсию ҳуқуқӣ итоат намекунад. Вале бар ивази ҷазо ба он гузашт мекунад, муҳлати амалиётро дароз намуда, хоҳиши истифода намудани онро ба манфиатҳои худ мувафақ мегардонад. Чи хеле ки маълум гашт, дар ин ҳолат низ манфиатҳо доираи амалҳои террористӣ риоя мегарданд, ҳатто аз тарфи он касоне, ки онро ба миён овардаанд. Акнун масъалаи асосӣ на дар муборизаи терроризм, балки барои бартарф намудани манфиатҳо зоҳир мегардад. Аммо ин амали хеле душвор аст.
Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд – СММ) бояд чунин фикри равшан ва ягонаро эълом дорад, ки терроризм қобили қабул нест. Ба террористон ҳеҷ гоҳ имкон набояд дод, ки онҳо барои содир намудани амали террористӣ баҳона пайдо кунанд. Ба ин маъно СММ бояд мавқеи ғолибияти ахлоқиро аз даст надиҳад.
Гурӯҳҳо (террористӣ) ба тактикаи террористӣ барои он даст мезананд, ки фикр мекунанд ин тактика самаранок аст ва қисми зиёди одамон, ҳадди аққал онҳое, ки аз номашон амал мекунанд, фаъолияти онҳоро дуруст мешуморанд.
Барои ин вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки ҷолибияти терроризмро барои онҳое, ки метавонанд ба амали террористӣ даст зананд, маҳдуд кунем, бояд ба таври возеҳу равшан фаҳмонем, ки ҳеҷ як кор ҳар чи қадар бо адолат набошад, терроризмро ҳақ намегардонад.
Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад.
Раҳматуллоева Р.Р. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ