Ҳамкорӣ омили таъмини таҳсилоти босифат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маорифи кишвар таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифатро пайваста таъкид менамоянд.
Дар иртибот ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат раёсати ДДҲБСТ фаъолияти байналмилалиашро беш аз пеш густариш мебахшад. Имрўз, намояндагони Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Русия, муовини аввали ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисод, профессор Тарасова Елизавета Евгеньевна, мудири кафедраи маркетинг ва менеджмент доктори илмҳои иқтисод, профессор Раздольская Ирина Владимировна ва муовини мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисод Ледовская Мария Евгеньевна низ ба донишгоҳ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ташриф оварданд. Меҳмонон бо ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода самтҳои ҳамкориро муайян намуда, шартномаи тарафайн ба имзо расониданд. Татбиқи амалии шартномаи мазкур дар таъмини таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот имконияти мусоид фароҳам хоҳад овард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа