Таҷлили Рўзи Парчами миллӣ дар ДДҲБСТ

21 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Муминзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои истиқлолият ба ҳайси рамзи ваҳдату муттаҳидӣ ва нишонаи ифтихору шарафи миллӣ собит гардидааст, дар худ таърихи пурғановати давлатсозии тоҷикон, фарҳанги волои адабиву маънавӣ ва ормонҳои созандаву созгорро таҷассум мекунад.
Имрӯз, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву технологӣ ва фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад, Парчами миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун омили асосии худшиносу худогоҳӣ, рамзи ваҳдати милливу субот ва сарчашмаи ифтихору масъулият хизмат мекунад. Он моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, устувории сулҳ, меҳнати софдилона барои пешрафти Ватан даъват менамояд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир, соҳибдонишу соҳибмаърифат ва ватандӯст фаъолияти хешро таҳким мебахшад. Мо ифтихор дорем, ки донишгоҳ имрӯз ба яке аз марказҳои муҳимми таҳсилоти олӣ табдил ёфта, барои ҷавонони болаёқат имкониятҳои фарохи илмӣ, методӣ, ташкиливу эҷодӣ ва муҳити солими донишандӯзиро фароҳам месозад. Зери Парчами давлатӣ, ки рамзи шараф, садоқат ва масъулият мебошад, садҳо донишҷӯёну ҷавонони мо ба зинаҳои нави комёбиҳо қадам мегузоранд ва барои ободии Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш менамоянд, илова намуд Шероз Мӯминзода.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ баромад карда, иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ шодбош гуфт.
Инчунин, роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълимии футболи Истиқлол» дар вилояти Суғд дар чорабинӣ иштирок ва баромад кард.
Зикр шуд, ки шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам ҳар як фарди ҷомеаро ба сўи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамоӣ намуда, садоқату парастиши ҳар нафарро ба ин марзу бум меафзояд ва озими амалҳои нек мегардонад. Ҳар як шаҳрванди тоҷик вазифадор аст, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузорад, зеро арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ як зумра кормандону устодон ва донишҷӯён – ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишии донишгоҳӣ бо Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаву Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру сурудҳои ватандӯстона иборат буд, ба маҷлиси тантанавӣ анҷом бахшид.

                                                                                     Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like