Изҳороти кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ нисбати фаъолияти Салимпул
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи муборизаҳои зиёди хунин имрўз истиқлолияту ягонагӣ ва ваҳдати миллиро соҳиб гаштааст. Барои ҳимоя ва қадр намудани арзишҳои миллӣ тамоми шаҳрвандон бояд сарҷамъ шавем ва нагузорем, ки давлатии миллӣ, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии худро аз даст диҳем.
Дар замони муосир Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Пешравии кишвари азизамон низ дар ҳама самтҳо сол аз сол бештар гардидааст. Барои боз ҳам ба дастовардҳои назарррас ноил гардидани давлати азизамон бояд тамоми халқи меҳнатдўст ва дурандешамон камари ҳиммат банданд. Сиёсати оқилонаи пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ намуда барои рушду нумўи кишвари азизамон саҳм гузорем. На гузорем, ки баъзан шахсони хиёнаткор ва ғаразнок ба миллату давлат, амнияту истиқлолияти миллии худ аз хориҷ нишаста халал расонанд. Имрўзҳо тавассути расонаҳои иҷтимоӣ гурўҳҳои ифротгаро ва шахсоне ёфт мешаванд, ки қасдан кўшиш менамоянд, ки оромию осудагиро дар ҷомеа халалдор созанд. Ба мисли сардабири сомонаи ифротии “ Akhbor.com” Мирзои Салимпур! Агар дар асл Салимпур ва ё Салимпул нисбати халқу миллат ва давлати худ холисона амал мекунад, пас чаро ин қадар ба майдони мубориза баромадааст. Шахсони мансабдори давлатӣ ва мақомотҳои қудратиро гунаҳкор карда, аз паси парда сухан мекунад.
Аз Мирзои Салимпул шахсон даъват ба амал меорем, ки агар онҳо ба миллату давлати худ, оромию суботи ҷомеа хиёнате накарда бошанд ва хаёлоти ғаразнок надошта бошанд, бигзор аз майдони мубориза дур шаванд. Ба истиқлолияту якпорчагии давлати маҳбубамон, озодию осудагии халқамон дахолат накунанд.
Аҳли устодони кафедраи технологияҳои
иттилоотию коммуникатсионӣ ва
барномарезии ДДҲБСТ