ДДҲБСТ: Пешвои миллат ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон

14 ноябри 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирокчиёнро табрик намуда, дар бораи ин санаи таърихӣ ва муқаддас будани он барои мардуми Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд. Ӯ иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид. Таҷлили Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз чун ду санаи муҳиму муборак барои ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан барои ҷавонон, сабақи равшани ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ташаббусҳои Сарвари давлатамон ҳамчун достони мардонагию қаҳрамониву ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати фарҳангию куҳанбунёдамон бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем, илова намуд Шероз Мӯминзода.
Сипас, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳиров Муродҷон хотироти худро оид ба лаҳзаҳои муҳими таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ёдовар шуда, ба самъи иштирокчиёни конференсия расонид.
Дар идомаи кори конференсия д.и.с., профессори кафедраи сиёсатшиносӣ Акмалова М.А. дар мавзуи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат”, н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент Бурҳонов И. Б.” дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Иноятзода А. дар мавзуи “Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои адолати судӣ ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ”, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Комилов М. М. дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати муносибатҳои байналхалқӣ” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Зимни маърӯзаҳои баромадкунандагон зикр шуд, ки маҳз Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ шароит фароҳам овард, ки заминаҳои сарҷамъ гардидани миллат пайдо гардида, барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият ва расидан ба истиқлоли воқеӣ, муайян намудани сохти давлатдории минбаъда ва дар умум барои таъмини зиндагии шоистаи мардум чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.
Маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари кордону сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта, кишвари дар ҳоли парокандашавиро ба мамлакати воҳиду пешрафта мубаддал гардонид.
Дар анҷоми конференсия ба баромадкунандагон Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардид.   

                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа                                      

You might also like