Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши ҷиноятҳои фаромарзӣ ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Сиёсати башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки нисбати ин зуҳуроти манфии аср бетараф набошанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва дар ҳошияи дастуру супориши Раиси вилояти Суғд зимни вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли вилоят дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят вохӯрии судманд доир гашт. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Мироватов, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коруппсия Нарзулло Ахмедов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ (КМИК) Аминҷон Амонов баромад намуданд. Қайд гардид, ки дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хатарҳои динию экстремистӣ ва хушунат дар оила, ҳар як узви комилҳуқуқи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Дар интиҳои мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва нашъамандиву оворагардӣ ҳамроҳи мақомотҳои масъул муборизаи муштаракро ба роҳ монда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ва раёсати донишгоҳ ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои давлату ҳукумат дар самти мубориза бо падидаҳои номатлуб сипосномаву мукофотҳои пулӣ ва ба донишҷӯёни фаъол идрорпулӣ тақдим гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







