САБАҚ АЗ ТАЪРИХ: БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ АЗ ҚАСРИ АРБОБ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – и назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз Қасри маданияти Арбоб дидан намуданд.
Мақсади боздид шиносоии донишҷӯён бо макони баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ буд, ки дар сарнавишти давлатдории тоҷикон нақши бузург гузошт. Зимни боздид, донишҷӯён бо таърихи ин қасри фарҳангӣ, саҳми он дар эҳёи давлатдорӣ ва интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат шинос гардиданд.

                                                                                               Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

     

 

You might also like