Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Субҳи имрӯз, 14 ноябри 2025 саҳни бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд, зеро  кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардида буданд.

Дар оғози чорабинии тантанавӣ ба муносибати ин ду санаи муҳиму муқаддас ва сарнавиштсоз, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирокчиёнро табрик намуда, иброз дошт, ки моҳи ноябр дар тақвими давлатдории навини Тоҷикистон мавқеи хос дорад, зеро маҳз дар ҳамин моҳ рӯйдодҳои бузургу сарнавиштсоз – Рӯзи қабули Конститутсия, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мегарданд. Ин санаҳои сарнавиштсозу таърихӣ дар зеҳну шуури миллат ҳамчун рамзи наҷоти давлат, пояи сулҳу ваҳдат ва ибтидои давраи нави эҳёи миллӣ сабт гардидааст. Маҳз дар он иҷлосия пояҳои устувори сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва эҳёи ниҳодҳои давлатӣ гузошта шуданд. Аз он рӯз то имрӯз, бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гирдобҳои мушкилиҳои даврони гузариш гузашта, ба кишвари сулҳпарвар, созанда ва пешрафта табдил ёфтааст, илова кард роҳбари донишгоҳ.

Таҷлили Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз чун ду санаи муҳиму муборак барои ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан барои ҷавонон, сабақи равшани ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад. Зимни суханронӣ роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯёни донишгоҳ даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва кору паёкори мондагори Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси шуҷоату ваҳдат омӯхта, дониш ва маҳорати касбии худро дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Дар интиҳо гуфта шуд, ки бояд ҳар нафар ба ин муқаддасоту санаҳои муҳими таърихӣ арҷ гузоранд ва дар ҳифзу ҳимояаш саҳмгузор бошад.

Барномаи адабию фарҳангие, ки тараннумгари ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва арҷгузории хизматҳои шоистаи Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  буд, ба чорабинии тантанавӣ дар донишгоҳ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like