Баргузории ҷаласа оид ба омода намудани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ

11 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи кории раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидзода Ф.М. баргузор гардид. Ҷаласа ба масъалаи омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида шуд.
Дар ҷаласа муовинони декан оид ба илм, мудирони кафедраҳои масъул, иштирокчиёни озмуни вилоятии «Ихтироъкор ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ва аъзоёни ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳомидзода Ф.М. дар оғози ҷаласа таъкид намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ тамоми шароити заруриро барои омодасозии босифати донишҷӯён ба олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи гуногун муҳайё кардааст. Вай афзуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад ва ҳадафи асосии он дарёфти донишҷӯёни фаъолу боистеъдод, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани маърифати илмии ҷавонон мебошад.
Муовини ректор ба муовинони деканони факултетҳо дастур дод, ки даврҳои факултетии олимпиадаҳо ва озмунҳоро дар сатҳи баланд баргузор намуда, донишҷӯёни бештарро барои иштирок дар даврҳои минбаъда омода созанд ва барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Мақсади асосии баргузории ин ҷаласаи корӣ баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳо ва густариши фаъолияти ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён дар сатҳи факултет ва донишгоҳ мебошад.

                                                                                                          Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like