Густариши ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар шароити ҷаҳонишавии соҳаи маориф ва илм, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба унсури калидии рушди устувор табдил ёфтааст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки дар чанд соли охир ба яке аз марказҳои фаъоли ҳамкориҳои байналмилалӣ мубаддал гардидааст, бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои худро пайваста таҳким мебахшад.
Бо дастгириву пуштибонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни ДДҲБСТ ва Донишгоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Ин санад нишонаи иродаи муштарак барои гузоштани пояи устувори ҳамкории стратегӣ дар самтҳои таҳсил, илм ва фарҳанг мебошад.
Бар асоси Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо ба татбиқи барномаҳои табодули донишҷӯёну устодон, роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи таҷрибаи таълимӣ ва рушди барномаҳои якҷояи магистратураву докторантура аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки муҳаққиқон ва донишҷӯёни тоҷик бо усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, технологияҳои нав ва низоми таълимии Чин шинос шаванд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд аз 20 то 27 октябри соли 2025, ҳайати расмии донишгоҳ дар ҳайати муовини ректор оид ба таълим Дониш Фазлиддинзода ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Тӯра дар ҳамоиши байналмилалии омӯзгорони забони чинӣ ва чорабинии фарҳангии “Пули забони хитоӣ” ширкат варзиданд.
Ин сафар заминаҳои мустаҳками эҷоди шабакаҳои нави ҳамкории илмӣ ва омӯзгориро фароҳам меорад. Чорабинии мазкур, ки ҳамасола садҳо намояндаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳонро гирди ҳам меорад, барои муаррифии дастовардҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ва густариши муносибатҳои фарҳангӣ нақши муҳим мебозад.
Роҳбарияти ДДҲБСТ дар оянда низ густариши ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро идома хоҳад дод. Барномаҳои нави муштарак, ҳамоишҳои илмӣ, лоиҳаҳои таҳқиқотии дуҷониба ва омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ аз ҷумлаи афзалиятҳои асосии ин ҳамкорӣ хоҳанд буд.
Ин иқдомҳо на танҳо ба рушди сатҳи таҳсилоти олӣ, балки ба таҳкими дӯстӣ, фаҳмиши мутақобил ва эҳтироми фарҳангии байни ду кишвари дӯст мусоидат менамоянд.
Таҳкими ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи равшани татбиқи сиёсати “дониш барои рушд” мебошад. Ин ҳамкорӣ на танҳо ҷанбаҳои таълимӣ ва илмиро фаро мегирад, балки ба таҳкими муносибатҳои геостратегӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишвар низ заминаи устувор мегузорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа













