МАСЪАЛАҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳимми сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ менамоянд, ки чунин рўйдод имрўз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи муҳимми сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.
Муҳтавои Паём аз лиҳози сохтор, самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дарбар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ агар назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некўаҳволӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Аммо дар оғози Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад, зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрўза, аз ҷумла, давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо расидааст.
Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрўз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.
Дар давраи ҷаҳонишавӣ экстремизми динӣ шакли наверо ба худ гирифтааст, ки он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ содир мегардад ва бо ҳар гуна тасвирҳои кинаю адоват, ки он хусусияти экстремизми диниро дорад, паҳн гашта истодааст. Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон терроризм ва экстремизм дар соҳаи итилооти компютерӣ ва асри нави рақамикунонӣ хеле хавфнок арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки бори аввал маҳфуми экстремизм дар Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм» муқаррар гардида буд [1], ки дар ин санади меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ифротгароӣ ҳамчун содир намудани амале, ки он ба бо зўроварӣ, ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва инчунин содир намудани ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, бо ин мақсадҳо ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иштирок дар он (моддаи 185 Кодекси ҷиноятии [2] Ҷумҳурии Тоҷикистон) равона гардидааст, фаҳмида мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) 8 декабри соли 2003 қабул гардид [3], ки дар моддаи 3 қонуни номбурда экстремизм ҳамчун изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ дониста мешавад.
Аммо дар моддаи 22 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки танҳо шахси воқеии мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи Кодекс расидааст.
Терроризм ва экстремизм яке аз муаммои асосии имрўза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурўҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрўза бо ҳар гуна роҳ зарар мерасонанд, ки дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзўи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои тундрав равона шудааст ва ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрўзаи мо мебошад.
Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омўзишу тадқиқ бошанд.
Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷўхи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.
Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрўза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерўи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кўшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накўкорист.
Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.
Дар охир бояд қайд намуд, ки чораҳои пешгирии дар боло зикргардида метавонад ҷиноятҳои хусусияти экстремизми динидоштаро дар Тоҷикистон пешгирӣ намояд.
Охунова Д. – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ