ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН  

Замоне, ки давлати абадқудрати Шӯравӣ вопасин рӯзҳои худро ба cap мебурд ва дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои сиёсӣ аланга мезад, Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ, бахшид.

Кишвари тозаистиқлоли тоҷик ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задани низои сиёсии тоҷикон гашт.

Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «драмаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад.

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмонро Худованд насиб гардонид.

Замоне, ки намояндагони мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ҳамагӣ 40 сол дошта, дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсӣ маҳсуб меёфтанд. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ман ба Шумо сулх, меоварам… Мо хама бояд ёру бародар бошем» паёме аз хираду заковати халк буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди фарзонаи баргузидааш таҷассум ёфта буд.

Дар ин гуфторҳои самимиву пурмеҳр, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама гиреҳи мушкилот нуҳуфта буд. Гардиши айём, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шӯълаи умед, назаре ба ояндаи дурахшон ва мувозинату оромишро дар вуҷуди миллати ба таҳлука афтода фурӯзон намуд.

Он вақт ҳамчун раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханҳои таърихиро низ баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам»

Файласуфи Юнони Қадим Афлотун дар китоби хеш бо номи «Давлат» овардааст, ки «дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад».

Ба ин маънӣ бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он андухтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун хуҷҷати рахнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Яъне, ин марди бонангу ор ва ҷонфидои Ватан ба ҷаҳониён исбот намуд, ки аз як кишвари гирифтори оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷикро ҳамчун давлате, ки татбиқи рукнҳо ва арзишҳои демократии идоракунии ҳаёти ҷомеаро пеш гирифтааст, табдил хоҳад дод.

Дар натиҷа миёни Тоҷикистон ва мамолики гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ барқарор гардида, давлати мо ба аксарияти ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Ба ибораи дигар, азму иродаи ин марди поксиришт, фарзанди фарзонаи миллат вобаста ба ташкили давлати муосири демократӣ ба кишварҳои пешрафтаи олам эътимод бахшид, ки бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстонаву ҳасана барпо кардан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист.

Интиҳои соли 2018 ва нимаи дуввуми соли 2019 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмон воқеан таърихӣ аст, зеро ин замонест, ки як миллати кучак тавонист бо нерӯи созандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъиву саъю кӯшиши мардуми меҳнатқарини тоҷик агрегати якуми бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиё – “Роғун”-ро ба кор андозад. Ин нерӯгоҳ иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми кишвар амалӣ гардид. Ин руйдод ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамарқуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Дар Паёми солонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2024 қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Бо ин мақсад, аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати дар самти зарурӣ таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсия, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ҷумла, боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид иброз намуда буданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем».

Ҳамин тариқ, чуноне, ки навиштаҳои боло собит менамоянд, хислатҳои руҳиву маънавӣ, шаҳрвандӣ ва идеологии шахсӣ, муҳаббату самимияти фарзанди фарзонаи миллат-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватани маҳбубамон намунаи ибрати мост, зеро ақидаҳои ватандӯстӣ ва гуфторҳои хирадмандонаи Сарвари давлат қувваи бузургест, ки тамоми мардуми кишварро барои ба даст овардани мақсадҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.

Шамсиев Ф.К. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

 

You might also like