Ошкор ва пешгирӣ кардани содиршавии ифротгароӣ ва кирдорҳои террористӣ

Терроризм ва экстремизм  имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки давлатҳои абарқудрат ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд, ба амал меояд, баҳри муайян намудани мавқеи сиёсати фарогири (геополитикӣ) худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои сиёсати фарогири (геополитикӣ) давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд.

Дар Тоҷикистон  чораҳои  муқовимат бар зидди терроризм ва  экст­ремизм (ифротгароӣ) бо ошкор намудан,  пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ,  ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар, тарғибу ташвиқот ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пайваста роҳандозӣ мешаванд.

Дар яке аз суханрониҳои худ оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд «…таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба пешгирии терроризму ифротгароӣ, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии шаҳрвандон равона карда шавад…”

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст, ки  мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои минтақаро тақозо менамояд.

Воқеаҳои дар Афғонистон, Сурия ва Украина рухдодаистода ва амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон  нишон медиҳад, ки ҳанўз ҳам падидаҳои экстремистӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хориҷии ифротгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар афзоиш доранд, ки ошкор намудан,  бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва  паҳн шудани  ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта  (ифротгароӣ)  вазифаи на танҳо  Тоҷикистон, инчунин давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

Суръати  густариши таҳдиди  ифродгароӣ  дар минтақа то ба ҳадде расида метавонад, ки  инкор  кардани меъёри таҳаммулпазирӣ, қонунҳо, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ  афзун  гардонад.

Ҳарчанд  аз  ҷониби аҳли ҷомеаи  кишварҳо ин гуна ваҳшонияту кирдорҳо  маҳкум  гарданд  ҳам,  андешидани чораҳо оид ба пешгирии онҳо  ногузир ва зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони иқтисодӣ, мавҷудияти муноқишаҳои наздисарҳадӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии  меъёрии ҳуқуқӣ, ки баҳсҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин падидаҳои хавфнок, ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў,  муқовимат бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси маҷмуи  тадбирҳои  байнидавлатӣ анҷом дода шаванд.

Бо мақсади  паст кардани сатҳу таъсири ҳаргуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, инчунин баҳри такмил додани ҳамкории давлатҳои Осиёи Миёна дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм зарурати  роҳандозӣ ва такмил додани маҷмуи  чораҳо муҳим аст.

Дар ин самт муҳим аст, ки Барномаи байнидавлатии ёрии ҳамдигарӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм қабул гардад. Доираи амали ин шакли ҳамкории ҳуқуқӣ бояд на танҳо ҳамкории  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ, балки  тадбирҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  маънавиро дарбар гирад,  ки эътимод ва  сатҳи якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро амалан инъикос намуда, зоҳиршаваии  ҳама гуна низоъро бартараф намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Паёмҳои Президенти кишвар бо муассиртарин суханҳо экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунанд. Ҳанӯз 4-уми апрели соли 2002, 30-юми апрели соли 2004 ва баъдан 15-уми апрели соли 2009 Пешвои муаззами миллат дар Суханрониҳои худ терроризм ва экстремизмро ҷиноятҳои хавфноки муосир номида, камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ чун сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризм номиданд. Санаи 20-уми апрели соли 2011 бошад, Сарвари кишвар аз минбари баланд дар Паёми худ аз ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуданд. Президенти кишвар бо огоҳии том мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми кишварро аз мавҷудияти зуҳуроти дигари хатарнок, чун радикализм, ки бародари ҳамхуни терроризму экстремизм аст, мутталеъ намуда, зарурати муқовимат ба онро низ таъкид карданд.

Терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои ҷиддие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд. Ин падидаҳои номатлуб на танҳо амнияти миллӣ, балки субот, арзишҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоиро низ таҳти хатар мегузоранд. Терроризм амале мебошад, ки ҳадафаш тарсонидани аҳолӣ, таъсир ба сиёсати давлатӣ ё маҷбур кардани ҳокимият барои иҷрои талаботҳои номақбул мебошад. Экстремизм бошад, паҳн намудани ғояҳои ифротгароёна ва амалҳои зиддиқонунӣ мебошад, ки ба зўроварӣ ё вайрон кардани низомҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд. Омилҳое, ки барои содир кардани чунин амалҳои номатлуб баромад менамоянд: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва таҳсилот, бекорӣ ва камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, истифодаи нодурусти дин барои таҳрик додани ҷавонон, технологияҳои иттилотӣ, ки барои таблиғи ғояҳои ифротгароӣ истифода мешаванд. Ба фикри мо, чораҳои пешгирӣ барои ин падидаҳои номатлуб баромад менамояд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон тавассути таълими дуруст, тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо шабакаҳои террористӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, имкониятҳои рушди иқтисодӣ.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд бояд дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб саҳм гузорад. Тарбия ва таълими насли наврас, ҳамкорӣ бо мақомот ва бохабар будан аз таҳдидҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, балки масъулияти тамоми инсоният аст, танҳо тавассути ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мо метавонем ин таҳдидҳоро рафъ кунем.

 

Қаландарова М.Д. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи  судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

                          

 

 

You might also like